Намоишгоҳи 132–юми маҳсулоти воридотӣ ва содиротии Чин оғоз гардид

Октябрь 18, 2022 09:35

ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои шуъбаи масъалаҳои тиҷоратӣ–иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 октябр Намоишгоҳи 132–юми маҳсулоти воридотӣ ва содиротии Чин ба шакли маҷозӣ аз рӯйи сиғаи электронии зерин https://www.cantonfair.org.cn/zh-CN оғоз гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ярмаркаи мазкур ҳамчун бузургтарин намоишгоҳи муосир дар Осиё соле ду маротиба- дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва рушди тиҷорати содиротию воридотӣ баргузор мегардад.

Мутобиқи нақшаи ҷониби Чин, намоишгоҳи мазкур  ним сол  дар шакли онлайн идома меёбад. Хоҳишмандон ҷиҳати иштирок дар он ва шиносоӣ бо молу маҳсулоти чинӣ метавонанд дар сиғаи электронии болозикр то 24 октябри соли 2022 худро номнавис намоянд.

Ҳамзамон хоҳишмандон метавонанд дар ҷараёни намоишгоҳ то 15 марти соли 2023 дар намоишҳои онлайнӣ, паёмнависии фаврӣ, бизнес-матчинг, конфронсҳои хидматӣ ва ғайра дар шакли маҷозӣ ширкат варзанд.

     АКС: Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Октябрь 18, 2022 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд