Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми VI байналмилалии Осиёи Марказӣ бахшида ба сифати таҳсил иштирок намуд

Октябрь 10, 2022 11:50

ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар Форуми VI байналмилалии Осиёи Марказӣ, ки дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ дар фазои глобалии маориф» баргузор гардид, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода тариқи маҷозӣ иштирок намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ДДҲБС.

Форуми байналмилалӣ махсус буда, аз тарафи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон ташкил карда шудааст. Он имкон медиҳад, ки табодули таҷриба ва ақидаҳо дар самти таъмини сифати таълим ба роҳ монда шавад.

Имсол дар форум намояндагони 13 давлат, аз ҷумла ИМА, Олмон, Туркия, Болгария, давлатҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Муъмин Шарифзода дар мавзӯи «Аккредитатсияи байналмилалӣ ҳамчун шарти ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ» маърӯза ироа намуд, ки ба масъалаҳои мубрами таъмини сифати таълим тавассути ҳамкории байналмилалӣ бахшида шуда буд.

Акс: ДДҲБС

Октябрь 10, 2022 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид