«БелТА»: Александр Лукашенко муносиботи муваффақона бо Тоҷикистонро шарҳ дода, гуфт, ки барои чӣ Эмомалӣ Раҳмонро эҳтиром мекунад

Октябрь 12, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Беларус Александр Лукашенко дар Душанбе бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот анҷом дод, иттилоъ медиҳад аз Душанбе хабарнигори агентии «БелТА».

«Мардумони мо ба ҳамдигар монанданд. Ман ҳатто гуфта метавонам, ки аз ҳамдигар фарқе надоранд: инҳо одамони меҳрубон, меҳнатдӯст, боистеъдоданд. Ва дар ин замина мо дар равобити худ то андозае муваффақем», — гуфт Александр Лукашенко.

Сарвари давлат иброз дошт, ки бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз чоряк аср боз шинос аст. «Ин роҳ барои мо осон набуд. Аммо шаби гузашта ман ба ӯ гуфтам: «Мо ҳамин қадар солҳо бо ҳам зиндагӣ кардем, аммо ман дар ёд надорам, ки боре ҳам сахт гап зада ё муноқиша карда бошем, мо ҳатто баҳс накардаем». Мо ҳамеша нисбат ба ҳамаи масъалаҳо мавқеи ягона доштем. Мо ҳамеша якдигарро дастгирӣ мекардем. Ин на аз он сабаб аст, ки мо дӯстем, балки аз он аст, ки мо дар ин бобат маҳз ҳамин хел фикр мекунем. Барои ман ӯ ҳамеша намунаи хизмат ба Ватан ва шахси фидокор буд», — таъкид кард Александр Лукашенко.

АКС: «БелТА»

Октябрь 12, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон