ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ноҳияҳои минтақаи Рашт дар рӯзи аввал маъракаи даъвати ҳарбиро зиёда аз 100 фоиз ба анҷом расониданд
РАШТ, 01.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 101%, Нуробод 101% ва Рашт зиёда аз 100 фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.
Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои нек наваскаронро гусел намуданд.
Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода иброз дошт, ки «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли азизамон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони мамлакат саҳми бузург дорад. Дар ҷаҳони пуртазоди охири асри ХХ, ки истиқлолияти Тоҷикистон ба чунин давраи ҳассос рост омад, ҳарчанд барои мардуми тоҷик бисёр душвор буд, вале Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи арзишҳои милливу таърихии халқамон ва суннатҳои давлатдории миллатамон роҳу равиши хоссаи худро дарёфт ва имрӯз ба сӯйи ҳадафи бузурги интихобкардаамон —бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ дилпурона пеш меравад. Аз ин рӯ баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ва равнақи худшиносиву ифтихори миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои таҳкиму тақвият бахшидани истиқлолият ва фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа мебошад».
Дар ҳамоиши мазкур ба 104 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа» – ро аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Хушбахтона, дар ин маъракаи ватандӯстона зиёда аз 30 нафар хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт бо масъулияти баланди инсонӣ барои намунаи ибрат гардидан фарзандони худро ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд.
Модари даъватшаванда аз ноҳияи Рашт Сабоҳат Муҳаббатова иброз дошт, ки «ман ҳамчун модар то ин дам масъулияти модарона ҳис намуда, ду писарамро ба хизмати ҳарбӣ гусел кардам. Хушбахтона, бо ифтихори ватандӯстӣ онҳо хизмати ҳарбиро адо намуданд. Инак писари сеюмамро боз ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел мекунам ва боварӣ дорам, ки писари ман содиқона хизмати модар-ватанро адо менамояд. Мо, занону бонувони Раштонзамин сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро содиқона дастгирӣ намуда, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия менамоем. Имрӯз мебинем, ки чӣ гуна фарзандони мо масъулияти ватандориро ҳис намуда, бо сари баланд ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд ва номи худу волидайну деҳаю ноҳияи хешро дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ менамоянд».
Комиссари ҳарбии ноҳияи Сангвор Фаррух Қурбонзода гуфт, ки «бо сабаби дуруст ба роҳ мондани тарбияи насли наврас ва баланд гардидани ифтихори ватандӯстии ҷавонон солҳои зиёд мешавад, ки дар рӯзи аввали даъват нақшаи даъвати ҳарбӣ сад фоиз иҷро мегардад. Имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 10 нафар ҷавонони синни даъватӣ курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, ҳамчун мутахассис ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиданд. Дар оянда бо дастгирии Вазорати мудофиа ва ҳукумати ноҳияи Сангвор сафи чунин мутахассисонро зиёд менамоем».
Дар маъракаи мазкур даъватшаванда аз ноҳияи Тоҷикобод Собирҷон Қурбонов аз ҷавонони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки «дар ҳифзи ватану модар номуси мардони шуҷою далеру боғайрат дошта бошанд. Ҷавонони синни даъватӣ аз саросари ҷумҳурӣ бояд аз хизмати ҳарбӣ наҳаросанд ва пайрави гузаштагони худ бошанду ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми Ватани азизи хеш омода бошанд».
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин карданд.
АКС: АМИТ «Ховар»












Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар Душанбе корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруворӣ ошкор гардид
Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд






