Ғолибони бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муйян шуданд

Октябрь 11, 2022 16:20

ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор шуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

8 октябр мо шоҳиди ду вохӯрӣ шудем. Дар ин рӯз бозии дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфта, дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Ду бозии дигари давр 9 октябр доир гардид. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, ки аввали ҳафта дар бозии мавқуфмондаи даври чорум бо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе мусовӣ бозӣ кард, дар доираи бозиҳои даври 17 дар сафар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 1:3 шикаст дод. Бозингари дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд Санҷар Рисхибоев дар дақиқаи 23 ҳисобро кушод, ҳамдастаҳояш Рустам Сабуров дар дақиқаи 42 ва Ойбек Абдуғаффоров дар дақиқаи 72 ду голи дигар заданд. Ба се голи дастаи «Эсхата» дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ тавассути голи Доробҷон Эргашев дар дақиқаи 81 ҷавоб дод.

Дар бозии дигар дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҷаҳонгир Эргашев ба фоидаи дастаи «Хуҷанд» дар охири нимаи аввали бозӣ гол зад, вале футболбози «Равшан» Ҷаҳонгир Қурбонбоев дар нимаи дуюм ду гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.

10 окятбр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Гонсале Ритакко ва Владислав Касминин муаалифи голҳо гардиданд.

Пас аз натиҷагирии 17 даври бозиҳо дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 35 хол дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Ду дастаи вилояти Хатлон – «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 27-холӣ дар сегонаи аввал мавқеъ доранд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 21-23 октябр ба нақша гирифта шудаанд. Рӯзи аввал дастаҳои футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, рӯзи дуюм «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва рӯзи сеюм «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе вомехӯранд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Октябрь 11, 2022 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд