Пагоҳ дар Душанбе ярмаркаи соҳавии вазифаҳои озод доир мегардад

Октябрь 21, 2022 16:28

ДУШАНБЕ, 21.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 октябр аз соати 9:00 то соати 17:00 дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи милллии Тоҷикистон «Фестивали пешрафти мансабӣ дар касбу кор» доир шуда, дар он ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода хабар дод.

Дар ярмаркаи мазкур ширкатҳои тиҷоратии ватание, ки дар соҳаи худ пешсафанд, ба корҷӯён ҷойҳои кории холӣ, талабот ба номзадӣ ва имтиёзҳои иҷтимоии пешниҳодгардидаро дар суҳбати рӯ ба рӯ мефаҳмонанд.

Зимни баргузории ярмарка Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рушди касбият ва шуғлнокии ҷавонони шаҳри Душанбе» ба иштирокчиён платформаи рақамии www.joikor.tj — ро муаррифӣ менамояд, ки ба корфармо ва корҷӯён нигаронида шудааст.

Фестивал аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Занони хушбахт», Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ташаккули фарҳанг ва рушди иҷтимоии ҷавонон», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рушди касбият ва шуғлнокии ҷавонон», Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шарики кулли ин Фестивал ширкати “Кока-кола” Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар кори фестивали мазкур волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» флешмоб ташкил намуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани он мусоидат менамоянд.

Фестивали мазкур бо бозии Лотереяи калон ҷамъбаст гардида, дар он ҳамаи иштирокчиён метавонанд туҳфаҳои арзишманди омодакардаи корфармоёнро бурд намоянд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2022 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад