Пагоҳ дар Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон оғоз шуда, то 12 ноябр идома меёбад. Барои иштирок дар он варзишгарони 30 давлати қора дархост додаанд. Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс иборат аз 10 нафар ба шаҳри Аммони Урдун сафарбар мегардад, хабар дод котиби генералии Федератсияи бокси Тоҷикистон Комрон Файзов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё оид ба бокс 8 варзишгар – 5 мард, 3 зан – ва 2 мураббӣ намояндагӣ мекунанд. Миёни бонувон Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50кг, Миҷгона Самадова дар вазни то 57кг ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60кг ҳастанд.
Миёни мардҳо Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57кг, Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 80кг, Наврӯз Ҷафоев дар вазни то 86кг ва Муҳаммад Аброриддинов ширкат меварзанд.
Мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев варзишгаронро дар мусобиқаи Урдун ҳамроҳӣ мекунанд.
Муҳорибаҳо дар даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинал 1-7 ноябр, нимфинал 9-10 ва финал 11-12 ноябр ба нақша гирифта шудаанд.
Варзишгарони тоҷик дар чемпионатҳои Осиё оид ба бокс дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат 20 медал – 4 тилло, 3 нуқра, 13 биринҷӣ ба даст овардаанд. Медалҳои тиллоро Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 75кг (соли 2008), Мавзуна Чориева дар вазни то 60кг (соли 2010), Анвар Юнусов дар вазни то 57кг (соли 2011) ва Баҳодур Усмонов дар вазни то 64кг (соли 2019) сазовор гардидаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






