Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бобохон Насимов дар муддати се сол ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир бунёд гардидааст.
Бино аз нуҳ ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази савдою хизматрасонӣ ва дар ҳашт ошёнаи дигар 40 ҳуҷра бунёд гардидааст.
Иншоот дар асоси лоиҳаи омоданамудаи ҶДММ “Идриси Ҷаҳон” аз ҷониби фармоишгар-пудратчӣ ҶДММ “Насим сохтмон” бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ сохта шудааст.
Вобаста ба талаботи замони муосир, дар қисмати берунии бино таҷҳизоти каммасрафи равшанидиҳанда насб карда шудааст, ки шабонгоҳ бо рангҳои гуногун ба зебогии шаҳр ҳусни дигар зам мекунад. Гирду атроф ва ҳавлии бино пурра сафолакпӯш гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино 40 оилаи дигар дар маркази шаҳр соҳиби манзили зист гардиданд.
Дар ошёнаи якуми бинои мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 68 нафар ятими кулл аз шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мулоқот намуданд. Зимни мулоқот Президенти мамлакат кӯдакону наврасони ятимро, ки пурра дар таъминоти давлату Ҳукумат мебошанд, ба омӯзиши амиқи илму фан ва касбу кори гуногун ҳидоят намуданд.
Барои кӯдакони ятиму бепарастор дастурхони пурнозу неъмат густурда шуда, аз ҷониби Сарвари давлат ба ҳар яки онҳо туҳфаҳо тақдим гардид.









Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






