Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, вазифаҳои имрӯзаи Созмон, инчунин мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро омили муҳими таъмини амният ва суботи минтақа арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳад миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро зарур шумурданд.
Дар вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳокима карда шуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






