Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти суҳбат Нурсултон Назарбоев бо таманниёти сиҳатмандии комил, некрӯзӣ ва комёбиҳои навин Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Дар ин зимн Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон саҳми босазои Пешвои миллатро дар барқарорӣ ва таҳкими давлатдории Тоҷикистон, таъмини рушди пойдор ва боло бардоштани обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд.
Дар баробари таъкиди анъанаҳои пурифтихори муносибатҳои нек ва дӯстии мардумони ду кишвар, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди босуръати ҳамкориҳои гуногунҷанба ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро зикр карданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Норвегия Хокон VIII барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ 10 иншооти навро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд






