Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Беларус Андрей Швед мулоқот намуд

Октябрь 14, 2022 09:18

ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Андрей Швед баргузор гардид, ки зимни он паҳлӯҳои мухталифи ҳамкорӣ доир ба пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм баррасӣ карда шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералӣ хабар доданд, зимни мулоқоти дуҷонибаи муштарак миёни прокурорҳои генералии ду кишвар робитаҳои зич ва муҳими мақомоти прокуратураи кишварҳо ва ҳамкории дуҷониба махсус таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлӯҳои мухталифи ҳамкориро дар самти пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, таъмини амнияти миллию минтақавӣ, пешгирии фаъолияти созмонҳои ифротгароиву террористӣ миёни аҳолӣ, бахусус миёни муҳоҷирони корӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, мубодилаи таҷрибаи тарафайн, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, андешидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, эътирофи ташкилоти хатарзо ҳамчун террористӣ дар қаламрави якдигар ва инчунин дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мулоқоти дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Андрей Швед дар рӯҳияи дӯстона, ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфт.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 14, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд