«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 октябри солии 2026 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ин санад аҳаммияти стратегӣ дошта, ба таъмини бехатарии авиатсионӣ ба мусофирон, таъмини бехатарии ҳавопаймоҳо, бехатарии ҳайати парвозӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани нуфузи кишвар, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амнияти шаҳрвандон нигаронида шудааст.
Инчунин «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» дар самти густариши алоқаи ҳавоии байналмилалӣ, навсозии инфрасохтор ва таҷҳизоти техникӣ, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои миллӣ, муқовимат ба таҳдидҳои муосир ва киберӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, баланд бардоштани рақобатпазирии ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ мусоидат менамояд.
Бо дарназардошти аҳаммияти стратегӣ, ҳуқуқӣ ва амниятии масъалаҳо, инчунин зарурати таъмини мутобиқати соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи байналмилалӣ, қабули «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» иқдоми муҳим ва саривақтӣ дар самти таъмини амнияти авиатсионӣ арзёбӣ мегардад.
Қабули «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» имкон медиҳад, ки заминаи ҳуқуқию ташкилии таъмини бехатарии авиатсионӣ тақвият ёфта, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) таъмин карда шавад. Ҳамзамон, он барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани эътимоди ҷомеаи байналмилалии авиатсионӣ, фарох гардидани ҷуғрофияи парвозҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди устувори авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ, транзитӣ ва иқтисоди миллӣ заминаи муҳим мегузорад.
Бояд тазаккур дод, ки баъд аз гузаштани аудити Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) дар самти бехатарии авиатсионӣ мавқеъ ва нуфузи соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тақвият ёфта, эътироф ва эътимоди шарикони байналмилалӣ нисбат ба низоми авиатсияи граждании мамлакат боз ҳам баланд мегардад. Натиҷаҳои мусбати аудити мазкур барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, густариши робитаҳо бо мақомоти авиатсияи граждании давлатҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби шарикони нав барои рушди минбаъдаи соҳа заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои охир дар самти бехатарии авиатсионӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, таъмини бехатарии авиатсияи граждании кишвар ба талаботу стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






