«РЕЙТИНГИ ДОНИШГОҲИ АВРУОСИЁИИ IAAR (IAAR-EUR) — 2022». Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар зинаи 4-ум ҷой гирифт
ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии «Рейтинги Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR) — 2022» мақоми 4-умро ишғол намуда, бо ҷоизаи бонуфузи «Эътироф дар саросари ҷаҳон» мушарраф гардид.
Рейтингро Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) анҷом дода, дар Форуми VI байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба таъмини сифати таҳсилот натиҷаҳои Рейтинги байналмилалии Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR)»-2022 (IAAR Eurasian University Ranking (IAAR — EUR)-2022) ҷамъбаст гардиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои таҳлилшудаи коршиносон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Рейтинги байналмилалии Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR) — 2022» мақоми 4-умро гирифт. Инчунин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷоизаи бонуфузи «Эътироф дар саросари ҷаҳон IAAR EUR» (IAAR EUR Worldwide recognition) сарфароз гардид.
Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) аввалин агентии аккредитатсия аз кишварҳои ИДМ мебошад, ки мақоми баланди эътирофи Федератсияи умумиҷаҳонии таълими тиббии WFME/WFME-ро гирифтааст.
Фаъолияти Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (HAAR/IAAR) ба стандартҳои таъмини сифат дар Минтақаи таҳсилоти олии аврупоии «ESG» ва Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббии «WFME» мувофиқат мекунад.
Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) аккредитатсияи байналмилалии махсусгардонидашуда (барномавӣ) буда, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Агентӣ, аз ҷумла дар Қазоқистон, Тоҷикистон, Молдова, Россия, Руминия, Узбекистон санҷишҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад.
Ёодовар мешавем, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (HAAR/IAAR) — узви комилҳуқуқи шабакаҳои Аврупо, Осиё ва Амрико ва агентиҳои сифати таҳсилот: INQAAHE — Шабакаи байналмилалии агентиҳои таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ; CHEA/CIQG — Гурӯҳи байналмилалии сифат, Шӯрои аккредитатсияи таҳсилоти олӣ дар ИМА; CEENQA — Шабакаи агентиҳои таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ; APQN — Шабакаи таъмини сифат дар Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.
Агентӣ намояндагии худро дар Иттиҳоди Аврупо дар Рига (Латвия) низ дорад.
Хотиррасон мешавем, ки соли 2019 миёни Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома ба имзо расидааст.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешқадами таҳсилоти олии ватанӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба такмили ихтисосҳо ва баланд бардоштани сифати таълим иқдом намуда, соҳиби мақоми ифтихорӣ гардид.
Акс: ДМТ








Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






