Роҳбари ТУТ: Барои хотима додан ба пандемияи COVID-19 ҳадди ақалл 70 фисади аҳолӣ бояд эм карда шавад
ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳо бояд талош ба он дошта бошанд, ки 70 фоизи аҳолии худро бо ваксинаҳои зидди сирояти коронавирус фаро гиранд. Дар ин бора директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус дирӯз, 10 октябр дар нишасти 69-уми Кумитаи ТУТ барои кишварҳои Шарқи Миёназамин изҳор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ташкилоти умумиҷаҳонӣ.
«Барои пурра бартараф кардани пандемия мо бояд ҳадди ақалл 70 фоизи аҳолии ҷаҳонро эм кунем ва ин раванд бояд то замони вохӯрии навбатӣ, ки соли оянда дар Олмон доир мегардад, анҷом дода шавад. Инро метавон бо кумаки «ҳафтгонаи бузург» ва «бистгонаи бузург» амалӣ намуд. Барои ин ба мо 11 миллиард вояи ваксина зарур аст»,-гуфт ӯ.
«Мо ваъдаҳои саховатмандонаи шуморо оид ба таъмини ваксинаҳо истиқбол мекунем. Сипос. Аммо ба мо бештар ва ҳарчӣ зудтар заруранд»,-иброз дошт Тедрос. Ӯ афзуд, ки амалан ваксинаҳо бояд тавассути ташаббуси COVAX тақсим карда шаванд. Вале ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, зарур аст баҳри истеҳсоли васеи онҳо аз ҳисоби интиқоли технологӣ ба кишварҳои фақир талош кард ва аз ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ даст кашид.
Ба гуфтаи ӯ, ҷаҳон ҳоло дар ҳолати хубе барои хотима додан ба пандемияи COVID-19 қарор дорад. «Вале мо ҳанӯз ҳам ба интиҳои он нарасидаем, ҳоло мо дар нақб ҳастему ҳанӯз монеаҳои бисёре мавҷуданд, ки агар боэҳтиёт амал накунем, роҳи моро душвор мегардонанд»,-хулоса кард директори генералӣ.
Роҳбари ТУТ даъват кард, ки барои аз пандемияҳои навбатӣ наҷот додани ҷаҳон бояд аз буҳрони кунунӣ сабақ гирифта шавад. Вай гуфт, ки ҳоло муҳим- ноил шудан ба ҳамбастагӣ ва ба роҳ мондани табодули маълумот, иттилоот, захираҳо, технологияҳо ва тамоми таҷҳизоте мебошад, ки барои ҳар кишвар ҷиҳати таъмини амнияти мардуми худ заруранд.
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод кард, ки барои баланд бардоштани омодагӣ ба чунин пандемияҳо ва таҳкими ҳамкорӣ дар ошкор кардани манбаъҳои ангезандаҳои нав «созишномаи байналмилалӣ — шартнома ё конвенсия» баста шаванд.
То 7 октябр ба ТУТ оид ба 617 597 680 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус аз оғози пандемия ва 6 532 705 ҳолати фавт маълумот расидааст. Аз 26 сентябр то 2 октябр дар ҷаҳон шумораи сироятёбӣ нисбат ба ҳафтаи гузашта 6 фоиз ва фавтидагон 12 фоиз кам шудааст.
АКС: СММ/ Э.Шнейдер








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






