Роҳбари ТУТ: Барои хотима додан ба пандемияи COVID-19 ҳадди ақалл 70 фисади аҳолӣ бояд эм карда шавад

Октябрь 11, 2022 11:05

ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳо бояд талош ба он дошта бошанд, ки 70 фоизи аҳолии худро бо ваксинаҳои зидди сирояти коронавирус фаро гиранд. Дар ин бора директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус дирӯз, 10 октябр дар нишасти 69-уми Кумитаи ТУТ барои кишварҳои Шарқи Миёназамин изҳор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ташкилоти умумиҷаҳонӣ.

«Барои пурра бартараф кардани пандемия мо бояд ҳадди ақалл 70 фоизи аҳолии ҷаҳонро эм кунем ва ин раванд бояд то замони вохӯрии навбатӣ, ки соли оянда дар Олмон доир мегардад, анҷом дода шавад. Инро метавон бо кумаки «ҳафтгонаи бузург» ва «бистгонаи бузург» амалӣ намуд. Барои ин ба мо 11 миллиард вояи ваксина зарур аст»,-гуфт ӯ.

«Мо ваъдаҳои саховатмандонаи шуморо оид ба таъмини ваксинаҳо истиқбол мекунем. Сипос. Аммо ба мо бештар ва ҳарчӣ зудтар заруранд»,-иброз дошт Тедрос. Ӯ афзуд, ки амалан ваксинаҳо бояд тавассути ташаббуси COVAX тақсим карда шаванд. Вале ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, зарур аст баҳри истеҳсоли васеи онҳо аз ҳисоби  интиқоли технологӣ ба кишварҳои фақир талош кард ва аз ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ даст кашид.

Ба гуфтаи ӯ, ҷаҳон ҳоло дар ҳолати хубе барои хотима додан ба пандемияи COVID-19 қарор дорад. «Вале мо ҳанӯз ҳам ба интиҳои он нарасидаем, ҳоло мо дар нақб ҳастему ҳанӯз монеаҳои бисёре мавҷуданд, ки агар боэҳтиёт амал накунем, роҳи моро душвор мегардонанд»,-хулоса кард директори генералӣ.

Роҳбари ТУТ даъват кард, ки барои аз пандемияҳои навбатӣ наҷот додани ҷаҳон бояд аз буҳрони кунунӣ сабақ гирифта шавад. Вай гуфт, ки ҳоло муҳим- ноил шудан ба ҳамбастагӣ ва ба роҳ мондани табодули маълумот, иттилоот, захираҳо, технологияҳо ва тамоми таҷҳизоте мебошад, ки барои ҳар кишвар ҷиҳати таъмини амнияти мардуми худ заруранд.

Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод кард, ки барои баланд бардоштани омодагӣ ба чунин пандемияҳо ва таҳкими ҳамкорӣ дар ошкор кардани манбаъҳои ангезандаҳои нав «созишномаи байналмилалӣ — шартнома ё конвенсия» баста шаванд.

То 7 октябр ба ТУТ оид ба 617 597 680 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус аз оғози пандемия ва 6 532 705 ҳолати фавт маълумот расидааст. Аз 26 сентябр то 2 октябр дар ҷаҳон шумораи сироятёбӣ нисбат ба ҳафтаи гузашта 6 фоиз ва фавтидагон 12 фоиз кам шудааст.

АКС: СММ/ Э.Шнейдер

 

Октябрь 11, 2022 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»