«САДОИ ДИЛ». Имрӯз Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таҳти унвони «Садои дил» даври ҷамъбастӣ ва маросими мукофотсупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён баргузор мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озар Орифӣ.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён ба Рӯзи Фалак ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи он амалисозии «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025» мебошад.
Ба гуфтаи Озар Орифӣ, фестивал бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон аз рӯи ду номина- «Беҳтарин фалаксаро» ва «Беҳтарин иҷрои сози дутор» дар се давр доир гардид. Даври аввали фестивал нимаи аввали моҳи сентябр дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва даври дуввуми он нимаи дуюми моҳи сентябр дар вилоятҳо баргузор шуд.
«Дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён таҳти унвони «Садои дил» довталабони аз 14 то 35-сола иштирок намуданд. Дар ду даври он аъзои ҳакамон аз шаҳру ноҳияҳо ва вилоят ба ҳунари иштирокдорон баҳо гузоштанд»,- гуфт ӯ.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, жанри созию овозии «Фалак» аз даврони куҳан сарчашма гирифта, дар худ арзишҳои умумимиллиро таҷассум мекунад. Дар он мазмуну моҳияти рӯзгори мардум бо андарз, ҳикмат ва тасаввуру боварҳо печидаанд. Ҳамин арзишҳои ин жанр буд, ки 15 декабр дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола 10 октябр Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






