Сафири Россия дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаҳоро ба Вазорати корҳои хориҷӣ супорид

Октябрь 25, 2022 15:05

ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ нусхаи эътимодномаҳои Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григоревро қабул кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Россияро муҳокима намуданд.

С. Имомӣ С. Григоревро ба муносибати таъйин гардидан ба мансаби сафири кишвари дӯст табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти дипломатиаш ҷиҳати рушди бемайлони муносибатҳои дуҷониба муваффақият орзу намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Президенти Россия Владимир Путин 16 август бо як Фармон Семён Григоревро Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон таъйин кард. Ӯ дар ин маснад  Игор Лякин-Фроловро, ки Сафири Россия дар Тоҷикистон буд, иваз кард.

Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 25, 2022 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо як гурӯҳ аз сафирони давлатҳои иштирокдори САҲА мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Валиаҳди Давлати Кувайт мулоқот намуд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Швейтсария дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ба анҷом расиданд
Дар Женева мулоқоти Шараф Шерализода бо сафирони кишварҳои хориҷӣ доир гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Шараф Шерализода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Шабакаи «Abu Dhabi TV» ҳадафҳои Конфронси байналмилалии обро шарҳ дод
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд