Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлобро ифтитоҳ карданд

Октябрь 23, 2022 11:56

ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Нахуст Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлобро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти замонавӣ 4-ошёна буда, аз 19 ҳуҷра, маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст ва меҳмонхона иборат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2020 оғоз гардида буд ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Дар иншооти замонавӣ барои пешбурди фаъолияти хизматӣ ба кормандони Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб, Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб ва Корхонаи давлатии фаръии Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Кӯлоб шароити замонавӣ фароҳам гардидааст.

Бинои хуштарҳу муосир дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандону мутахассисони соҳа супориш доданд, ки дар заминаи шароити фароҳамшуда хизматрасониро ба мардум дар сатҳи баланд таъмин намоянд.
Ифтитоҳи бинои Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб 23.10.2022

Октябрь 23, 2022 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода соҳибкор муассисаи томактабӣ бунёд менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вахш муассисаҳои таълимию томактабӣ ва варзишгоҳи марказӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Анутин Чарнвиракул барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб сохтмони филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф идома дорад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид