Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз Хоҷагии деҳқонии «Ватан» боздид намуданд

Октябрь 3, 2022 11:17

ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори Хоҷагии деҳқонии «Ватан» шинос шуданд.

Ҳадафи сафари Пешвои муаззами миллат ба шаҳри Турсунзода ва ташриф ба Хоҷагии деҳқонии “Ватан” шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои кӯҳна, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти меваҷот ба хориҷи мамлакат мебошад.

Дар хоҷагии “Ватан” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагӣ, аз қабили навъҳои гуногуни ангур, сабзавот ва дигар зироат шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Ватан” соли 2008 таъсис ёфта, дорои 45 гектар замин мебошад.

Хоҷагӣ 165 нафар саҳмдоронро сарҷамъ намуда, дар токзори он 10 намуд ангур, асосан навъҳои “Президент”, “Истиқлол”, “Ҳусайнии сиёҳу сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак” ва “Кишмиши сиёҳу сафед” парвариш карда мешаванд. Бояд гуфт, ки аз соли 2020 дар Хоҷагии деҳқонии “Ватан” парвариши навъи нави ангури “Президент” ба роҳ монда шуд.

Роҳбарии хоҷагии “Ватан”-ро деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъматҷон Усмонов ба уҳда дорад.

Хоҷагии деҳқонии “ Ҳоҷӣ Неъмат”, ки муассисаш Неъматҷон Усмонов мебошад, дар майдони 105 гектар доман паҳн намуда, 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад.

Коргарони хоҷагӣ аз ангурҳои навъи “Президент”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак” ва “Кишмиши сиёҳу сафед” ҳосили хуб ба даст меоранд.

Аз рӯи маълумоти боғдорон 70 фоизи заминҳои токзорро ангури навъи “Ҳусайнӣ” ташкил мекард, акнун бинобар талабот ба навъҳои боз ҳам беҳтари ангур боғдорон токи ангурҳоро иваз карда, ба ҷойи “ҳусайнӣ” — “ламбарҷинӣ” ва “аватар”-ро, ки бештар барои содирот нигаронида шудаанд, шинонида истодаанд.

Дар токзори хоҷагӣ ҳамчунин ба таври таҷрибавӣ навъҳои “Чиликӣ” ва “Кардинал”, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудаанд, парвариш меёбанд.

Соли равон дар баробари таъмини бозори дохилӣ хоҷагӣ беш аз 1750 тонна маҳсулоти хушсифати ангурро ба хориҷи кишвар содирот намуд. Тибқи шартномаи ҳамкорӣ, боғдорон ҳосили ба даст овардаи худро асосан ба Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон мефиристанд.

Таҷрибаи наве, ки дар хоҷагӣ ҷорӣ шудааст, хушк кардани ангур мебошад, ки бо риояи технологияи махсус амалӣ мегардад. Асосан боғдорон 50 фоизи ҳосили ангури навъи “ғалаба”-ро хушк карда, ба хориҷи кишвар ва ба бозорҳои дохили ҷумҳурӣ мебароранд.

Дар хоҷагӣ барои беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳама фаслҳои сол ба мардум пешниҳод кардани ангури тару тоза сардхона бунёд гардида, ғунҷоиши он беш аз 600 тоннаро ташкил медиҳад. Барои беталаф нигоҳ доштани ҳосил бунёди боз як сардхонаи дигар бо ғунҷоиши 150 тонна идома дорад.

Аз тарафи роҳбарияти хоҷагии “Ватан” дар деҳоти Ҷура Раҳмон, деҳаи Янгибоғ як бунгоҳи муосири тиббӣ бо тамоми таҷҳизот ва бо шаш ҷойи кор бунёд карда шудааст, ки ба мардум хизмат мерасонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаҳои кори боғдорон шинос шуда, барои парвариши ҳосили хуб, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии шаҳри Турсунзода, анҷоми корҳои хайр ва саҳм гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёр ба роҳбарияти хоҷагӣ изҳори сипос карданд.
Боздид аз Хоҷагии деҳқонии “Ватан” дар шаҳри Турсунзода 03.10.2022

Октябрь 3, 2022 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро ба истифода доданд
Оғози тақсими “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Боздиди кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Турсунзода
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-ро дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро ифтитоҳ намуданд