Сел дар чанд ноҳияи Тоҷикистон заминҳои наздиҳавлигиро зери об монда, роҳҳоро хароб кардааст
ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистон сел омада, заминҳои наздиҳавлигӣ ва роҳҳо зери об монданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон.
31 октябр, тахминан соати 13:10 селе, ки аз талу теппаҳои деҳаҳои Меҳробод ва Обшорони Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ фаромад, заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллиро зери об монд. Таҳхонаҳои якчанд хонаи истиқоматӣ аз об пур шуда, роҳҳои маҳаллии миёни кӯчаҳои аҳолинишин қисман вайрон шуданд. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, барои бартарафсозии оқибатҳои офат техникаи махсус ҷалб шудааст. Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
30 октябр, соати 12:30 бар асари бориши шадид дар километрҳои 94-95-уми шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Рашт-Лахш (дар наздикии мавзеи Кумак) роҳ дар ду ҷой зери об мондааст. Қитъаи роҳ баста шуд. Барои бартараф намудани оқибатҳои он техника ва кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ҷалб карда шуданд. Ҳоло роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон ҳушдор медиҳад, ки дар мамлакат ҳавои номусоид ва бориши шадид боқӣ мемонад, ки метавонад боиси фаромадани сел гардад. Ғеҷидани гилу хок, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, обанборҳо, инчунин фурӯ рафтани хати соҳили дарёҳо ва кӯлҳо имконпазир аст. Бинобар бориши дарпешистода хатари фаромадани тарма, омадани сел ва сангрезӣ боқӣ мемонад. Обу ҳавои номусоид чаронидани чорво ва нигоҳубини онро дар чарогоҳҳои кӯҳӣ душвор мегардонад.
Ёдовар мешавем, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ҳар гуна садама шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии Кумита бо телефонҳои 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат кунанд.
АКС: КҲФ ва МГ








Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид






