Шараф Шерализода ва Игор Рунов ҳамкории минтақавии Тоҷикистонро дар соҳаи нақлиёт ва логистика баррасӣ намуданд

Октябрь 22, 2022 09:23

ДУШАНБЕ, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода котиби иҷроияи Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ Игор Руновро, ки ҷиҳати иштирок дар маросими оғози лоиҳаи таҷрибавии «Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ» ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили васеи ҳамкории минтақавии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт ва логистика баррасӣ гардид.

Шараф Шерализода аз шурӯъ кардани татбиқи лоиҳаи зикршуда, ки ба афзоиши ҳамлу нақли мултимодалӣ тариқи шоҳроҳҳои Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад, изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тавсеаи ҳамкории судманд миёни кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалии алоқаманд дар самти мазкурро таъкид кард.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 8-19 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар доираи он истифодаи Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ (GTrD) аз истгоҳи Кӯлоби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баррасӣ шуд. Тибқи ин санад нахустин қатораи боркашони транзитии Тоҷикистон аз масири Эрон ҷониби Туркия раҳсипор шуд.

Дар назар аст, ки тавассути долони мултимодалии Чин-Тоҷикистон-Туркманистон-Эрон-Туркия нахуст тавассути мошинҳо борҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Кӯлоб, ки Минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта, қарор аст қутби тиҷорат, транзит ва саноати Тоҷикистон гардад, оварда мешаванд. Баъдан борҳо аз ин ҷо ба Узбекистон-Туркманистон-Эрон ва Туркия интиқол меёбанд.

Дар конфронс намояндагони сохторҳои соҳаи нақлиёту роҳ аз кишварҳои хориҷии дуру наздик, инчунин мутахассисону коршиносони соҳаи роҳу нақлиёти ватанӣ иштирок намуданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зикр намуд, ки имрӯзҳо рушди иқтисодиёти ҳар кишварро бе инкишофи логистика тасаввур кардан ғайри имкон аст. Зеро рушди системаҳои логистикӣ натиҷаи якчанд тамоюли ҷаҳонии рушди глобалӣ мебошад.

Дар конфронси байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба танзими фаъолияти давлатии таъмини логистика — дастовардҳои илмӣ ва амалии фаъолияти он, таълим ва тарбияи мутахассисон оид ба таъминоти логистикӣ, рақамикунонии инфрасохтори логистика, мушкилоти ташкил ва рушди техникаи логистика, таҷрибаи пешрафти ширкатҳо ва марказҳои нақлиётию логистикӣ, саҳми бонувон дар логистика, воқеият, назар ба оянда ва имконияти захираи кадрии соҳа баррасӣ гардиданд.

Дар ҳошияи конфронс вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири нақлиёт бо намояндагони Эрон, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон баргузор гардиданд. Зимни онҳо дурнамои ҳамкорӣ ва мушкилоти мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 22, 2022 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева чорабинии канории Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлосияи 57-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Австрия доир шуданд
Дар Женева робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус мулоқот намуд
Байни Тоҷикистон ва Қатар ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ густариш меёбад
Дар шаҳри Ҳамбург ҷашни Меҳргон таҷлил гардид
Шараф Шерализода бо мудири минтақавӣ ва намояндаи Дафтари Аврупоии Барномаи муҳити зисти СММ мулоқот намуд
Масъалаи барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Кирмоншоҳи Эрон ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон матраҳ шуд
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Молдова ҳамкориро дар самтҳои мухталиф баррасӣ намуданд
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ДИПЛОМАТИЯИ ОБ: АЗ ҚАДАМИ АВВАЛ ТО БА ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ». Нашриёти «Весь мир» таҳти ин унвон китоб нашр кард
Тоҷикистон ва Кувайт масъалаи афзоиш додани гардиши мол байни ду давлатро баррасӣ намуданд