Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси шаҳри Бусан Пак Ҳёнг-ҷун мулоқот намуд

Октябрь 26, 2022 08:55

ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар ҳошияи сафари корӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси шаҳри Бусан Пак Ҳёнг-ҷун баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 Зимни вохӯрӣ масоили марбут ба роҳандозии ҳамкорӣ миёни мақомоти марбутаи ҳарду кишвар, таҷрибаи мудирияти шаҳрдорӣ ва барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ баррасӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки 25 октябр дар шаҳри Бусан Нишасти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 26, 2022 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд