ТАСС: Душанбе ва Минск дар бахшҳои соҳибкорӣ ва маориф 48 созишнома ба имзо расониданд

Октябрь 12, 2022 13:15

ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Беларус дар бахши соҳибкорӣ ва маориф 48 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Маросими имзои созишномаҳо аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратии муштараки намояндагони ду кишвар, ки рӯзи сешанбе дар Душанбе баргузор шуд, сурат гирифт, иттилоъ медиҳад хабарнигори ТАСС.

Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Беларус, ки фарогири  намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, бахшҳои дахлдор, роҳбарони донишгоҳҳои Тоҷикистону Беларус буда, ҷиҳати иштирок дар он аз Беларус ҳайати иборат аз 150 нафар омада буд, дар шаҳри Душанбе доир гардид. Аз рӯи натиҷаҳои форум роҳбарони корхонаҳо ва ширкатҳои мухталифи Тоҷикистон ва Беларус 20 созишномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак, воридоти трактору дигар мошинҳо барои кишоварзӣ, коммуналӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ба имзо расониданд.

Тавре Президенти Беларус Александр Лукашенко баъдан ба хабарнигорон гуфт, ҳаҷми созишномаю қарордодҳои басташуда қариб 50 миллион долларро ташкил додааст. Илова бар ин, ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар 28 созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм ба имзо расониданд.

Иштирокчиёни форум масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон самтҳои асосии рушди иқтисоди кишвар, иқтидори сармоягузории он, имконияти фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки роҳбарони идораҳои дахлдор оид ба онҳо ибрози назар карданд, муаррифӣ гардид.

Намояндагони ҳайати Беларус инчунин оид ба дурнамои ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои IT, кишоварзӣ ва бонкдорӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар доираи форум намоишгоҳи «Made in Belarus» доир гашт, ки дар он маҳсулоти истеҳсолкунандагони Беларус, ҳамчунин имконияти таълимӣ дар донишкадаҳои олии Беларус намоиш дода шуданд. Соҳибкорони тоҷик дар формати B2B бо намояндагони беш аз 30 ширкати иштирокчии намоишгоҳ мулоқоту музокирот анҷом доданд.

Созмондиҳандагони чорабинӣ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Беларус, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Намоишгоҳи истеҳсолкунандагони беларусӣ рӯзи чоршанбе корашро идома медиҳад.

АКС: «БелТА»

Октябрь 12, 2022 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад