ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир ба моҳияти ин ҳуҷҷати муҳим бо мардум вохӯриҳо доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 22 октябр мутобиқи бандҳои 283 ва 284 дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон вакилон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ баромаданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.
Вакилони мардумӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлону Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо фаъолон ва меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрӣ намуда, роҷеъ ба бандҳои алоҳида ва моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом медиҳанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар доираи суҳбату вохӯриҳояшон бо интихобкунандагон ҳамчунин роҷеъ ба Иҷлосияи таърихии тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол дар фазои сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ таҷлил мегардад, мулоқот анҷом медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамаи дастовардҳои бузурги миллати сулҳпарвари тоҷик дар даврони навин маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
АКС:АМИТ «Ховар»








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






