ТУТ аз мавҷи нави пандемияи COVID-19 хабар дод

Октябрь 13, 2022 13:05

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бад шудани нишондиҳандаҳои оморӣ оид ба гирифторӣ ба коронавирус дар Аврупо аз оғози мавҷи нави пандемия гувоҳӣ медиҳад. Дар ин бора РИА «Новости» бо истинод ба изҳороти муштараки Комиссари Аврупо оид ба тандурустӣ, директори минтақавии ТУТ дар Аврупо ва директори Маркази Аврупо оид ба пешгирӣ ва назорати бемориҳо хабар медиҳад.

«Дар Аврупо мо боз болоравии нишондиҳандаҳоро мушоҳида мекунем, ки ин аз мавҷи нави сироятёбӣ шаҳодат медиҳад»,-таъкид  мегардад дар изҳорот.

Дар ҳамин ҳол зикр мешавад, ки эҳтимоли дар як вақт гардиш намудани коронавирус ва зуком метавонад барои сокинони осебпазиртарин хатар эҷод намояд ва фишор ба низоми тандурустиро афзоиш диҳад.

Мутахассисон чун пештара чунин мешуморанд, ки эмгузаронӣ роҳи ягонаи манфиатбахш бар зидди ҳарду намуди сироят мебошад.

Ҳамчунин аз изҳорот бармеояд, ки миллионҳо нафар дар минтақаи Аврупо то ҳол бар зидди коронавирус эм карда нашудаанд ва аз ин рӯ, кишварҳо бояд кӯшиш кунанд, ки сокинони эмнашудаашонро бо он фаро гиранд.

АКС: realnoevremya.ru/Максим Платонов

Октябрь 13, 2022 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон