Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу дар АМА иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 октябр то 8 ноябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу баргузор мешавад, хабар дод президенти Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Ин мусобиқа дар ду равия миёни дастаҳои мунтахаби расмӣ доир шуда, рақобатҳо байни дастпарварони клубҳо ва академияҳои ин намуди варзиш сурат мегиранд.
Дар мусобиқаи мазкур 11 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд. Ҳайати дастаи мунтахаби яккачини Тоҷикистон аз ҳисоби Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба Устоди варзиш, Устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва чемпионҳои ҷаҳону Осиё мукаммал карда шудааст.
Сунатулло Одинаев дар вазни 46кг, Муҳаммадҷон Хоҷаев бо Ибодулло Ибодов, ҳарду дар вазни 56кг, Рошид Неъматов дар вазни 73 кг ва Маъруфҷон Назарзода дар вазни 94 кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд муаррифӣ менамоянд.
Ҳамзамон миёни ашхоси маъюб (пара ҷиу-ҷитсу) Абдуманон Раҳимов дар вазни 77 кг Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






