Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Корея густариши муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима намуданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар шаҳри Бусан дар ҳошияи сафари корӣ мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Сироҷиддин Муҳриддин ва Пак Ҷин баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масоили марбут ба густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, инчунин таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ муҳокима гардид.
Ҷонибҳо густариши минбаъдаи равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ-техникӣ, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ, муҳоҷирати корӣ ва тақвияти мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро таъкид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 25 октябр дар шаҳри Бусан Нишасти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.
Акс: ВКХ ҶТ








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд






