«16 РӮЗИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ХУШУНАТ». Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва мубориза бар зидди хушунати оилавӣ дар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат» ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Роҳбарону намояндагони идораву ташкилоти дахлдор дар мавриди сабабу омилҳои ба хушунат гирифтор шудани занону бонувон ва роҳҳои пешгирии он ибрози андеша карданд.
Зикр шуд, ки маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат» дар тамоми кишварҳо бо қарори махсуси СММ 25 ноябр оғоз гардида, 10 декабр анҷом меёбад. Ҳамзамон 1 декабр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО шинохта шуда, бо мақсади мубориза бо он чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ карда мешаванд.
Директори Ташкилоти тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд Зуфнуна Хоҷаева перомуни ВНМО, сабабу омилҳои гирифторӣ ба ин беморӣ, роҳҳои гузариш ва пешгирии бемориии мазкур ибрози андеша кард.
Ҳадафи ҳамоиш баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, мубориза бо хушунати хонаводагӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим арзёбӣ карда шуд.
Дар ҳамоиш сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нафисахон Нурматова, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Зайнура Шарипова, Директори Ташкилоти тарзи ҳаёти солим дар вилоят Зуфнуна Хоҷаева, Директори фонди «Рушди ҷомеа» Бахтиёр Абдуҷабборов ва намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи меҳр» иштирок намуданд.
АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳ








ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад






