«30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ». Аксияи «Албом-эстафета» ба ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе расид

Ноябрь 2, 2022 15:08

ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр тибқи муқаррарот ва ҷадвали тасдиқгардида «Албом-эстафета» аз вилояти Хатлон дар ҳайати Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Қиёмиддин Миралиён, Раиси ноҳияи Хуросон Илҳом Аҳмадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Неъматулло Иброҳимзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Дустмурод Турсунзода ба ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ворид гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Меҳмононро дар даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Абдураҳим Шоҳиён ва дигар аъзои ҳизб истиқбол гирифтанд. Сипас меҳмонон дар назди муҷассамаи мутафаккири бузурги форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ гулчанбар гузоштанд.


Баъдан бо иштироки меҳмонон ва иштирокчиёни аксияи “Албом-эстафета” таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафиқа Мусоева, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ҳизб дар Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи 4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе барномаи сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар саҳни Гимназияи 4 иштирокдорон аз намоишгоҳи китоб ва дастовардҳои илмиву ҳунарӣ, ки бахшида ба ин сана ба намоиш гузошта шуда буд, дидан карда, сипас оид ба Иҷлосияи мазкур ҳамоиш баргузор шуд.


Дар ҳамоиш Рафиқа Мусоева иброз намуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати тоҷик нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир аст. Иҷлосияи мазкур 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ки онро ҳамчун пойдевор ва кохи муҳташами сулҳ дар Тоҷикистон метавон арзёбӣ намуд, зеро маҳз дар он ҳайати нави сиёсии роҳбарияти олии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.

“Мо вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ аз он ифтихор дорем, ки дар он замон Пешвои ҳақиқии миллати тоҷикро дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон интихоб кардем ва имрӯз корнамоиву ҷасорати Пешвои миллат собит кард, ки интихоби мо дар он вақт дуруст буд”, — гуфт Рафиқа Мусоева.

Ҳамзамон ӯ тазаккур дод, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд барномаҳои амалии рафъи буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишварро таҳия ва қабул намуданд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард ва хатари парокандагии давлати тоҷиконро аз миён бардошт.

Дар ҳамоиш иштирокдорон доир ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён намуда, иброз карданд, ки муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ он буд, ки дар марҳилаи навини таърихӣ шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ овард. Раванди ноил гардидан ба ризоияти миллӣ дар таърихи миллати тоҷик ҳодисаи беназир маҳсуб мешавад ва дар ин марҳила нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят азим аст. Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки ғояҳои олии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро дар амал татбиқ намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ободу пешрафта ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ созанд.

Ёдовар мешавем, ки аксияи ҷумҳуриявии «Албом-эстафета» таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат» ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Албоми мазкурро аз 12 то 22 сентябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз 22 сентябр то 5 октябр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз 5 октябр то 14 октябр дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва аз 15 октябр то 3 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қабул намуданд.

Инак аз 3 то 6 ноябр ин аксия дар шаҳри Душанбе ҷараён мегирад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 2, 2022 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид