456 НАФАР АЗ МАЙОР ТО ПОЛКОВНИК. Ба туфайли истиқлолияти Тоҷикистон теъдоди занон дар мақомоти милитсия афзуд

Ноябрь 10, 2022 13:31

ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил мегардад. Имрӯзҳо дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари мардон фаъолияти бонувони матинирода низ ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар мақомот беш аз 1500 нафар кормандон аз ҳисоби занону духтарон фаъолият менамоянд, ки қариб 700 нафари онҳо ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаро ташкил медиҳанд.

Тавре сардори сикл оид ба омодагии ҳуқуқии Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон Зуҳал БАХТИЁРЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, аз теъдоди умумии занҳо 92 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда — аз сардори шуъбача то муовини садори раёсат фаъолият доранд. Инчунин 456 нафар занон дорои рутбаҳои махсуси ҳайати калони роҳбарикунанда – аз «майор» то рутбаи «полковники милитсия» мебошанд. Аз ҷумла, аз ин шумора 13 нафарашон дорои рутбаи «полковники милитсия» ҳастанд.

Саҳми кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ арзишманд буда, устуворонаву ҷасурона пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ камари ҳиммат бастаанд. Дониши тахассусӣ ва маълумоти дахлдори соҳавӣ онҳоро дар ин ҷода муваффақ кардааст.

Ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшиши ҳар корманди милитсия ба он равона гардидааст, ки ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар сатҳи баланд таъмин гардида, суботу оромӣ дар кишвар ҳамеша пойдор бошад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатӣ аз 21 декабри соли 2021 зикр карданд, ки нақши бонувону занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Дар ин Паём нуктаҳое дар самти дастгирии занон боз ҳам шукӯҳмандтар ва бо қатъиян садо доданд.

Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Занони тоҷик дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Маҳз ба ҳамин хотир баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақоми роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бо назардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.

Бо мақсади интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳисоби занон дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021 «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2021 бо замима «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ӯ» ҳамаҷониба дастгирӣ кардани кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ кардани онҳо амалӣ мегарданд.

«Мояи ифтихор аст, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ низ аввалин бону- Барно Саидвализода бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаи генерал-майори милитсия мукофотонида шуд. Ин аз дастгирии пайвастаи мо, бонувони шуҷоъ аз ҷониби Пешвои миллат ва роҳбарияти ВКД дарак медиҳад»,-иброз дошт Зуҳал Бахтиёрзода.

Арзишмандтарин рӯнамоиҳои Истиқлолияти давлатӣ, албатта, дар радифи чандин самту фаъолияти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, чӣ дар мавриди сиёсати дохилӣ ва чӣ фаромиллӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аст. Сиёсати таъмини баробарии гендерӣ ва татбиқи стратегияҳои марбут ба фаъолгардонии нақши занон дар мамлакат сабаб гардид, ки сафи занони роҳбар ва сиёсатмадор дар қатори мардон зиёд шавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ Шӯрои занон амал мекунад, ки дар самти баланд бардоштани нақши бонувон, таълиму тарбия ва ҷалби занону духтарон ба мақомоти корҳои дохилӣ нақши муассир дошта, баҳри иҷрои талаботи роҳбарияти ВКД, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тадбирҳои таъсирбахш меандешад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Акс: ВКД ҶТ

Ноябрь 10, 2022 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд