Дар Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии ҶТ ва нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ» баргузор гардид

Ноябрь 12, 2022 15:57

ДУШАНБЕ, 12.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар кори конференсияи ҷумҳуриявӣ шахсиятҳои муътабар ва шинохтаи кишвар, вакилони Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, ходимони намоёни давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, олимон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аҳли ҷамоатчигии вилояти Суғд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, собиқадорон, намояндагони занон ва ҷавонони фаъол иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявиро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки чорабинии сатҳи баланд дар рўзҳое баргузор шуда истодааст, ки то фарорасии санаи сарнавиштсоз ва босаодати миллат, 30 — солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои башумор мондаанд.

Таъкид карда шуд, ки сӣ сол муқаддам дар қаламрави Тоҷикистони азизи мо муҳимтарин воқеаи таърихии наҷотбахш рух дод, ки самараи он расидан ба марҳилаи нави таърихӣ — истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри таърихии Арбоб баргузор гардида, ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барои мардуми кишвар чун ҳадяи бузурги таърихӣ дастрас намуда, кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид.

Ин шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки тамоми дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ном, фаъолият ва заҳмату талошҳои ин абармарди миллат марбут мебошад.

— Хеле рамзист, ки ба ифтихори 30-солагии ҷашни бошукўҳи Иҷлосияи тақдирсози миллат дар кишвари азизамон, аз ҷумла дар тамоми вилояти Суғд чорабиниҳои тантанавӣ идома доранд ва баргузор гардидани конфронси имрўза низ дар заминаи ҳамин гуна ибтикороти фараҳбахш амалӣ мегардад, ки, бешубҳа, ҷиҳати омўзиши аҳаммияти таърихии Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ ва шинохти симои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии сулҳ ва ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат хоҳад намуд,- иброз дошт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ», ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят алҳол ифтитоҳ гардид, корашро то 14-уми ноябри соли равон идома хоҳад бахшид.

Дар кори конференсия ҳамзамон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Эмомалӣ Насриддинзода, ходими намоёни давлатию сиёсӣ Шукурҷон Зуҳуров, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, вакили Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум Рафиқа Мўсоева, вакилони Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум Ғайбулло Афзалов, Гулафзо Савриддинова ва дигарон сухан гуфта, изҳор доштанд, ки аз рўзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди ватандўст ва меъмори воқеии сулҳу ваҳдат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардид. Талош ва кўшишҳои Пешвои миллат аз рўзҳои нахустини ба арсаи сиёсат омаданашон ба он нигаронида шуданд, ки бо сабақбардорӣ аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагон заминаҳое барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ ба миён омада, ҷомеаи моро ба таври воқеӣ ба сўи созандагиву бунёдкорӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд равона намуд.

Тадбиру иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ воқеан ба давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил ёфта, сохтмони иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳу пулҳо, нақбҳои нақлиётӣ, нерўгоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро куллан тағйир дод. Сокинони мамлакат аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, ки бо дурандешию тадбирҳои судманд дар таҳкими сулҳу субот ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз нақши беназир гузоштанд, ниҳоят миннатдоранд.

Дар идома иштирокдорони конференсияи ҷумҳуриявӣ маърўзаи илмии академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салимӣ Носир Юсуфзодаро дар мавзўи “Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ ва давлатӣ миллӣ” шуниданд.

Салимӣ Носир Юсуфзода доир ба хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳамияти Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ дар таъмини сулҳу субот ва ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлол, рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф ибрози андеша намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷамъбасти конференсия таъкид кард, ки Пешвои муаззами миллат аз ин анҷумани саодатофарин бо садои наҷотбахши «Ман ба Шумо сулҳ меоварам» умеди тоза ба зиндагӣ ва фардои дурахшони миллату давлат бахшиданд. Самимият ва садоқат ба қавлу амал, ки дар ин сухани саршори ватандўстӣ таҷассум ёфтааст, имконият фароҳам овард, ки дар кутоҳтарин фурсат хидматҳои меъмори ҳақиқии сулҳи тоҷикон — Пешвои муаззами миллат самара овард ва дар кишвари мо сулҳу субот, ваҳдати миллӣ тантана намуда, роҳи фардои Тоҷикистонро равшану пойдор гардонд.

Чуноне ки сиёсатшиносони давр таъкид намудаанд, нақш ва таҷрибаи Пешвои муаззами миллат натанҳо дар рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки дар таърихи таҳаввулоти ҷаҳон, бахусус Осиёи Марказӣ ниҳоят равшан зуҳур намуда, ин таҷрибаи сулҳофаринӣ, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва аз даргириҳо ба рушди устувор расидан барои ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ сабақ гардид.

Аз ин хотир, дар таърихии давлатдории миллиамон Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз ва Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмор ва эҳёгари давлати тоҷикон эътироф гардиданд.

Таҷрибаи сулҳофарини Тоҷикистонро таҳти сарварии абармарди миллат, сиёсатмадори номвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон институтҳои сиёсатшиносии ҷумҳуриявӣ омўхта, татбиқи онро ба давлату минтақаҳои ноорому ҷангзада тавсия мекунанд.

Баргузории конференсияи имрўза низ як навъ марҳилаи ҷамъбасту баҳрабардорӣ аз дастовардҳои сӣ соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, муваффақиятҳо ва пешравиҳои кишвари азизамон ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки кори конференсия дар 7 бахш, дар донишгоҳу донишкадаҳои вилоят идома меёбад ва беш аз 200 маърўзаи илмӣ, ки ба Кумитаи тадорукоти конференсия ворид гардидааст, аз ҷониби олимон ва иштирокчиёни конференсия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 12, 2022 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд