«АҲАМИЯТ ВА ҶОЙГОҲИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ». Дар Душанбе дар ин мавзўъ ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 11, 2022 14:31

ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамият ва ҷойгоҳи Иҷлосияи тақдирсоз дар таҳкими ҳокимияти судӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар»   хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода вобаста ба муҳтаво ва нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки маҳз ба туфайли қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ низоми нави давлатдории тоҷикон бунёд шуда,  заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.

Ӯ таъкид намуд, ки сокинони мамлакат иқдомҳои созандаи Сарвари давлатро бо меҳру муҳаббати гарму самимӣ пайгирӣ намуда, ба комёбиҳои бузург шарафёб гардиданд.

«Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз сиёсатмадорони ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои мубрам, ки барои башарият аҳамият доранд, истифода мебаранд. Тибқи дастуру роҳнамоиҳои Президенти мамлакат имрӯз тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро тавре ба роҳ мондаанд, ки ҷомеаи имрӯзаи кишвар марҳила ба марҳила баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар бо муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда комёб мегардад. Ва маҳз ҳамин чиз боварии мардумро ба ояндаи дурахшон устувор гардонидааст»,-изҳор намуд Р.Мирзозода.

Гуфта шуд, ки ризоияти  миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик ба он мушарраф гардидаанд, бо шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муяссар гардидааст.

Собиқ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев аз он лаҳзаҳо ёдовар шуда, зикр намуд, ки вазъ то дараҷае мураккаб гардида буд, ки кам нафаре пайдо мешуд роҳбарии давлатро бар дӯш гирифта, истиқлолияти аз даст рафтаистодаро ҳифз намояд. «Дар чунин шароит барои наҷоти миллат ва таъмини истиқлолияти давлатӣ роҳнамои хирадманд, сиёсатмадори қавиирода ва ватандӯсте чун боду ҳаво барои миллат зарур буд. Дар айёми барои халқи тоҷик тақдирсоз дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва он ояндаи миллати моро куллан тағйир дод. Фарзанди фарзона ва далеру кордони халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассостарини таърихи миллат ҷасурона бори вазнини ҳокимиятро ба дӯши худ гирифтанд»,-гуфт ӯ.

Зикр шуд, ки ҷаласаи Шӯрои Олӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳурӣ таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаҳои мусоид муҳайё гарданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 11, 2022 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Эҳтиёт бошед! Дар Тоҷикистон гармшавии беш аз 40 дараҷаи ҳаво дар назар аст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии гурезаҳо ҳамоиш доир гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ. Дар ин мавзуъ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд
«ҲУНАР ОМӮЗ…». Ғолибону ҷоизадорони даври ҷумҳуриявии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Шуъбаҳои таваллудхона ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик навсозӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Тавассути он 60 зану ҷавондухтар аз оилаҳои ниёзманд соҳиби касб мешаванд
Дар шаҳри Гулистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукуҳ гузаронида шуд
«ҶОВИДОН БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!». Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар Муъминобод бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиш баргузор шуд
«КӮДАКОН ВА НАВРАСОН-САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар 13 кӯдакистони шаҳри Турсунзода барномаҳои идона доир шуд
КӮДАКОН-ОЯНДАИ МИЛЛАТ. Ва ё барои ҳар давлат насли солим зарур аст
Дар Швейтсария масоили интиқоли дониш ва технология барои беҳтар гардонидани пешгӯии обу ҳаво баррасӣ шуд