Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад

Июнь 14, 2025 10:12

ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 20 июн бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корвони «Модарони ваҳдатсаро»  ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо мақсади таҳкими пойдории  дастоварди замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ дар байни занону модарон ва ҷавонону наврасон доир мегардад.

Инчунин Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо иштироки занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон!»-ро баргузор менамояд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2025 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд