Ҳайатҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар КС-27 «адолати иқлимӣ» талаб мекунанд

Ноябрь 9, 2022 10:57

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 8 ноябр дар конфронси СММ оид ба иқлим ҳайатҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба таъсиси «адолати иқлимӣ», яъне фондҳои мутобиқшавӣ ва ҷуброни талафот ва хисороте, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба амал омадаанд, даъват намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Тибқи иттилои Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон, то соли 2030 тақрибан нисфи аҳолии Замин зери хатари ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор хоҳанд гирифт, ҳатто агар гармшавии глобалӣ ҳамагӣ 1,5 дараҷа тибқи ҷадвали Селсия шавад.

Рӯзномаи конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Шарм-уш-Шайх баррасии чораҳоеро дар бар мегирад, ки ҳадафи он ҳифзи чор миллиард нафар сокинонест, ки дар минтақаҳои осебпазир ба тағйирёбии иқлим зиндагӣ менамоянд. Ин аввалин нақшаи мукаммали мутобиқсозии ҷаҳоние мебошад, ки ҳукуматҳо ва субъектҳои ғайридавлатиро ҷамъ меорад. Дар он тадбирҳо дар самти қавӣ намудани амнияти озуқаворӣ, инчунин муҳофизати заминҳои кишоварзӣ, захираҳои обӣ ва олами ҳайвонот пешбинӣ карда шудаанд.

«Рӯзномаи нишасти мо муттаҳид кардани саъю кӯшишҳои тамоми қишрҳои ҷомеаро дар бар мегирад»,-зикр намуд Котиби иҷроияи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим Саймон Стилл. – Бо саъю талошҳоямон мо бояд ба ҳалли мушкилоте, ки мардум дучори он ҳастанд, таваҷҷуҳ намоем».

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

Акс: СММ

Ноябрь 9, 2022 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон