Ҳайати Тоҷикистон бо таҷрибаи ташкили КАТС дар асоси барномаи СУТ дар Қазоқистон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Алмаато оид ба самтҳои афзалиятноки рушди Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва васеъ намудани нақши ҳамшираҳои шафқат дар дастаҳои бисёрсоҳаи КАТС ҳамоиш баргузор гардид. Дар он намояндагон аз Вазорати тандурустии Қазоқистон ва Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои тандурустии Алмаато ва роҳбари идораи аврупоии СУТ оид ба КАТС иштирок намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора АМИ «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Қазоқистон иттилоъ додааст.
Ҳайати Тоҷикистон бо ҳадафи омӯзиши таҷрибаи Қазоқистон дар самти табдилдиҳии КАТС дар заминаи маркази пешқадами таҷрибавии бемористони байниноҳиявии бисёрсоҳавии Енбекшиқазоқ дар шаҳри Есики вилояти Алмаато қарор дорад.
Давоми ҳафта ҳайати Тоҷикистон таҷрибаҳо ва стратегияҳои беҳтаринро оид ба сохтани дастаҳои бисёрсоҳавии КАТС дар Эсик қабул мекунад. Силсилаи семинарҳо ва ҷаласаҳои амалӣ, боздид аз марказҳои тибби оилавӣ дар деҳот, иртиботи босифат миёни мутахассисони КАТС аз ҳарду кишвар ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи мутахассисони КАТС аз Тоҷикистон, онҳо ният доранд, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистонро дар татбиқи муваффақонаи ислоҳоти Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла дар ҳамгироии хадамоти тиббию иҷтимоӣ, рушди тибби оилавӣ ва беҳбуди иртибот миёни муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ амалӣ намоянд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: gov.kz








Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






