Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи 7-уми оби Ҳиндустон «7th India Water Week» иштирок дорад

Ноябрь 4, 2022 14:45

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар шаҳри Ноидаи Ҳиндустон Ҳафтаи 7-уми оби Ҳиндустон «7th India Water Week» дар мавзӯи «Амнияти об барои рушди устувор дар асоси баробарӣ» оғоз гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон низ иштирок дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Президенти Ҳиндустон ва дигар намояндагони воломақоми кишвар ширкат варзиданд.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода роҳбарӣ менамояд.

Ҷамшед Шоимзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи пленарӣ пешрафту мушкилот дар соҳаи об ва нақши муҳими обро дар рушди устувори ҷомеа таъкид намуд. Бавижа, муовини аввали Вазир аҳамияти Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро дар ҳалли масоилу мушкилоти соҳаи об тазаккур кард.

Дар ҳошияи Ҳафтаи оби Ҳиндустон (IWW) ҳамоишҳои гуногун дар шакли семинарҳо, ҷаласаҳои панелӣ, иҷлосияҳои махсус ва намоишгоҳи технологияҳо, навтарин коркардҳо ва қарорҳои дастрас дар соҳаҳои гуногуни марбут ба амнияти об баргузор гардиданд.

Дар ҳошияи Ҳафтаи оби Ҳиндустон (IWW) Ҷамшед  Шоимзода бо Вазири захираҳои оби Ҳиндустон Гаҷендра Сингҳ Шекхават ва Дабири кулли Комиссияи байналмилалӣ оид ба обёрӣ ва заҳбур Ашвин Пандая доир гардид.

Зимни мулоқот роҳу имконот дар тақвияти ҳамкории муфид дар соҳаи мудирияти захираҳои об муҳокима гардиданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон

Ноябрь 4, 2022 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд