Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд

Ноябрь 30, 2022 09:15

ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода дар иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ, ки дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, ширкат намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.

Дар ин ҷаласа намояндагони 54 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Зимни иҷлосия масъалаҳои зиёд ва муҳими фаъолияти Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ ва дастовардҳо дар солҳои охир, аз ҷумла дар самти коҳиши хатари офатҳо ва фалокатҳои техногенӣ, мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуданд. Аз ҷониби кишварҳои ширкаткунанда низ ҳисобот дар бораи таҷрибаи кории мамолики узв дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода, истифодаи технологияи муосир, системаи огоҳсозии бармаҳал, дастовардҳо дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳолатҳои фавқулода ироа гардиданд.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш масъалаҳои интихоби раис ва ҷонишини раиси Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ баррасӣ шуданд.

Дар доираи сафар Рустам Назарзода ва роҳбари Идораи миллии ҳолатҳои фавқулода, буҳронӣ ва рафъи офатҳои табиии Шӯрои олии амнияти миллии Амороти Муттаҳидаи Араб Алӣ Сайид Матар ал-Ниёдӣ Ёддошти ҳусни тафоҳуми ҳамкорӣ доир ба идораи ҳолатҳои фавқулода ва вокуниш ба онҳоро имзо намуданд.

Илова бар ин, Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии Ҷумҳурии Туркия ба имзо расид. Ин санадро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Рустам Назарзода ва сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии Туркия Юнус Сезер имзо карданд.

Раиси Кумита пас аз маросими имзои Ёддошти тафоҳум ба вилояти Дюзджи Ҷумҳурии Туркия сафар карда, бо ҷараёни корҳои рафъи оқибатҳои заминларзаи 7-баллӣ, ки 23 ноябри имсол рух дода буд, шинос шуд.

АКС: КҲФ ва МГ

Ноябрь 30, 2022 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид