Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Россия давраи омӯзишии муштарак оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсия Россия давраи омӯзишии такмили ихтисоси кӯтоҳмуддат дар мавзӯи «Муқовимат ба экстремизм ва терроризм» ва барномаи бозомӯзӣ дар мавзӯи «Идоракунии давлатӣ дар асри ХХI» барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносон ва олимони Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсия Россия ифтитоҳ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи давраи омӯзишӣ Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, роҳбари ҳайати Россия, ноиби ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Андрей Марголин ва доктори илмҳои сиёсӣ, профессори Институти молия ва рушди устувори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсия Россия Игор Залисин иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш масъулин вобаста ба ҳамкории стратегии ду мамлакати бо ҳам дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Россия, рушди муносибатҳои байналмилалӣ, иҷрои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ вобаста ба тақвияти фаъолият дар низоми идоракунии давлатӣ ва рушди хизмати давлатӣ, мубодилаи таҷриба ва ҳадафмандии ташкили курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ сухан гуфтанд.
Абдухалил Ғафурзода меҳмононро бо тарзу усулҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунию такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва самтҳои нави фаъолияти Академия шинос кард. Мавсуф гуфт, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ аз таҷрибаи муассисаҳои дахлдори таълимии Федератсияи Россия, аз ҷумла Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо ба таври васеъ истифода менамояд.
Ноиби ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Андрей Марголин омодагии худро бо мақсади ҳамкории судманди минбаъда дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунӣ баён намуда, таъкид дошт, ки бояд сатҳи идоракунӣ, пеш аз ҳама, идоракунии давлатӣ вобаста ба тамоюлҳои ҷаҳони зудтағйирёбанда баланд бардошта шавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин муколама роҷеъ ба табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ сурат гирифт, ки мундариҷаи асосии он такмилу таҳкими шаклу усулҳои муосири таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва омода намудани ҳайати роҳбарикунандаи хизматчиёни давлатии ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир буд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






