Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Самеҳ Ваҳба вохӯрда, масъалаи таҳкими ҳамкориро баррасӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Баҳодур Шерализода доир ба раванди ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар самти тағйирёбии иқлим, беҳтарсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ ва устувории ландшафтҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои муҳити зист ва тағйирёбии иқлим изҳори сипос намуд.
Самеҳ Ваҳба оид ба барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии кишварҳо дар ҳоли рушд дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши таъсири манфии он ба иқтисодиёти давлатҳо дар ҳоли рушд маълумот пешниҳод намуд. Зикр шуд, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ соли 2021 Нақшаи амал оид ба тағйирёбии иқлим барои 5 сол қабул гардидааст, ки дар доираи он таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши пайомадҳои манфии он пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар стратегия ва барномаҳои миллӣ дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ муайян гардидаанд, аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист пешниҳод гардид, ки масъалаи ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ дар доираи Лоиҳаи «Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ (маблағгузории иловагӣ), ҷузъи С» баррасӣ шавад.
Инчунин масъалаи расонидани кумаки техникӣ дар самти мониторинги ҳавои атмосфера мавриди муҳокима қарор гирифт. Баҳодур Шерализода бо мақсади татбиқи саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаӣ Бонки ҷаҳониро барои дастгирии татбиқи санади мазкур даъват намуд.
Раиси Кумита Самеҳ Ваҳбаро барои боздид аз Тоҷикистон дар вақти барояш муносиб даъват кард ва ӯ онро қабул намуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






