АЗ ЗАРДПАРВИН ЭҲТИЁТ КУНЕД! То моҳи октябр дар Тоҷикистон 1850 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд

Ноябрь 19, 2022 09:49

ДУШАНБЕ, 19.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. То аввали моҳи октябр дар мамлакат 1850 нафар ба бемории зардпарвин гирифтор шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 251 нафар зиёд мебошад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров.

Ба иттилои манбаъ, бемории зардпарвин аслан дар фасли тирамоҳ хурӯҷ карда, сабаби асосии афзоиши он- зиёдшавии вирусҳои барангезанда мебошад. Дар илми тиб зардпарвинро гепатит низ ном мебаранд. Он вирусе мебошад, ки дар таркиби хун нашъунамо менамояд.

Ба гуфти Наврӯз Ҷаъфаров, соли равон гирифтории наврасони 18-сола ба ин беморӣ 94 фоизро ташкил медиҳад. Соли гузашта низ нишондиҳанда чунин буд.

Тавре табиби сироятшинос Шуҳрат Ҳабибулоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, гирифторӣ ба ин беморӣ миёни наврасон бештар аст. Зеро онҳо гигиенаи шахсиро хуб риоя намекунанд.

Шуҳрат Ҳабибулоев

Шуҳрат Ҳабибулоев иброз намуд, ки нишонаҳои аввалини ин беморӣ камқувватӣ, беҳолӣ, нотобӣ, зуд хасташавӣ, пастшавии иштиҳо ва эҳсоси дилбеҳузурӣ мебошанд. Вақте ин нишонаҳо дар нафари бемор мушоҳида шуданд, бояд зуд ба табиб муроҷиат намуд. Агар ин нишонаҳоро инсон нодида гирад, сипас нишонаҳои дигар: ҳисси вазнинӣ дар паҳлӯи рости зери қабурға, баландшавии ранги пешоб аз осеб ёфтани ҷигар дарак дода, инчунин дар пардаи чашм, пардаи луобии ком ва зери забон аён шуда, сипас дар пӯст зоҳир мешаванд. Дар натиҷаҳои ташхиси махсуси озмоишгоҳӣ (дар хун пайдо кардани моддаҳои бегона нисбат ба вируси гепатити А, С, D, Е, антигенҳои вируси гепатити В) ва моддаҳои бегонаи ба онҳо дахлдор мушоҳида мешаванд.

Худи зардпарвин ҳолати хатарнок нест, балки нишонаи беморӣ ё бемории вазнинтар аст. Бемории зардпарвинро вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба се навъ ҷудо мекунанд. Инҳо зардпарвини ҷигар (паренхимӣ), зардпарвини механикӣ ва зардпарвини гемолизӣ (хунобӣ) мебошанд. Зардпарвини ҷигар дар натиҷаи осеби ҳуҷайраҳои ҷигар ба амал омада, дар он раванди ҳосилшуда ва ба рӯда гузаштани билурубин халал меёбад.

Ба гуфти табиб, гепатити А давраи бемории аз 15 то 30 рӯзро дар бар мегирад. Давраи то зардшавӣ асосан 5-7 рӯз давом мекунад. Ҳарорати бадан то дараҷаи 38-39 дараҷа баланд шуда, то 1-3 рӯз боқӣ мемонад. Дарди сар, бемадорӣ, эҳсоси хастагӣ, табларза, хоби нороҳати шабона нишонаҳои ин беморӣ мебошанд. Ҳамчунин ҳисси талхӣ дар даҳон пайдо шуда, баъзан қайкунӣ, ҳиссиёти вазнинӣ пайдо мешавад. Ранги пешоб пас аз 2-4 рӯз тағйир меёбад. Дар ин ҳолат ранги пешоб зардчатоби баланд шуда, наҷосат беранг мешавад. Гепатити Е мисли гепатити А ҷараён мегирад. Агар ба он занони ҳомила гирифтор шаванд, оқибати хеле вазнин дорад. Дар ин ҳолат зан бояд ҳомиладории худро ҳатман қатъ намояд, чунки тифли батнаш низ аз ин беморӣ сироят мешавад.

Агар зардпарвини вирусӣ бошад, он бемориест, ки тавассути об интиқол меёбад, шахс гирифтори дарунравӣ ва дигар оризаҳо мешавад. Роҳи асосии пешгирӣ кардани ин бемориҳо- риоя кардани ҳолати гигенӣ ва санитарист. Волидайн бояд ба кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Тез-тез бо собун дастҳояшонро шустушӯ кунанд. Хӯрокро хуб пазанд.

Меваҷот, аз ҷумла тарбуз, сабзавот, маҳсулоти ширӣ барои зардпарвин дармони хубанд. Инҳо иштиҳоро афзуда, хусусияти пешоброниро зиёд мекунанд. Обҷӯш ё чойи мӯяки ҷуворимакка низ ба рафъи варами ҷигар даво аст. Хӯрдани шарбати сабзӣ, обҷӯши пудинаю асал бо барги гули қоқу низ чунин фоида меоранд.

Ин беморӣ, ки аз таъсири вирус пайдо шудааст, барои атрофиён манбаи сироят мебошад. Аз ин рӯ, шахси бемор ҳатман бояд макони зисти худро аз атрофиён ҷудо намуда, бистарӣ кунонида шавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 19, 2022 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод иншооти соҳаи тандурустӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон доир ба Ваҳдати миллӣ чун рукни асосии ташаккули ҷомеа ва давлат вохӯрӣ баргузор шуд
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 26 маркази тадқиқотии хориҷӣ созишномаҳо ба имзо расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Зиёда аз 57 миллион сомонӣ маблағ ба манфиати модару кӯдак ситонида шудааст
Дар Тоҷикистон содиршавии ҷиноят нисбат ба кӯдакон 30 фоиз зиёд шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори Қатар ва Булғористон Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонад
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» 1783 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд
Маблағи грантҳои президентӣ вобаста ба арзиши лоиҳаҳои пешниҳодшуда ҷудо мегардад
Ҷарроҳони чинӣ наврасонеро, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ташхис менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ кам шудаанд
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд