Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2026 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд 106,4 фоиз иҷро гардида, 87,3 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллӣ ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ равона карда шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ, дар ин давра воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба ҷойи 1319,7 миллион сомонии пешбинишуда дар амал 1404,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ин аз иҷрои барзиёди нақша гувоҳӣ медиҳад.
Дар қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ, ки 3812,4 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд, нақша ба маблағи 3762,2 миллион сомонӣ (98,7 фоизи нақша) таъмин гардид. Чун ҳарвақта, сиёсати молиявии вилояти Суғд хусусияти амиқи иҷтимоӣ дошта, ба маблағгузории соҳаҳои калидӣ дар маҷмуъ 3283,5 миллион сомонӣ равона карда шуд. Аз ҷумла, ба соҳаи маориф 2105,7 миллион сомонӣ, тандурустӣ- 956,4 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш- 197,8 миллион сомонӣ ва ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 23,6 миллион сомонӣ.
Ин нишондиҳандаҳо бори дигар тасдиқ мекунанд, ки дастгирии соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлатӣ ва маҳаллӣ бартарӣ доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






