Ба ифтихори 30- cолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд

Ноябрь 15, 2022 12:09

РӮДАКӢ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори  30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Дар ҷаласа Раиси ноҳия Азизулло Исматзода, директори Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳия Гулхумор Ҳусейнзода, муовини аввали раиси суди ноҳия Шамъигул Нурулозода, муовини аввали прокурори ноҳия Хайём Ҳазратзода, ҷавонони фаъол ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода иброз намуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карданд ва сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд. Дар ҳақиқат Пешвои миллат  тамоми неруву ғайрату ҳастияшонро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизашон сарф намудаву имрӯзҳо халқи Тоҷикистон тавассути ин  заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат  дар фазои сулҳу суботу  оромӣ умр ба cap бурда истодаанд”.

Ҳамчунин дар ҷаласа зикр гардид,  ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар мамлакат гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Маҳз дар иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми ҷумҳурӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ба он кас ваколати Сардори давлат дода шуд. Ба уҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Дар ҷамъомад ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода варзишгари шинохта ва паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимовро барои ғолибияташ дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо- «Baku Grand Slam 2022» дар Озарбойҷон бо  туҳфаи пулӣ ба миқдори 25000 сомонӣ қадрдонӣ намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Ноябрь 15, 2022 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад