Ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт конференсия доир шуд

Ноябрь 12, 2022 10:32

ДУШАНБЕ, 12.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол” тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-поягузори давлатдории навини тоҷикон” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар дод.

Дар конференсия узви Комиссияи оштии миллӣ Кароматулло Олимов, собиқадори ҲХДТ Сайфулло Сафаров, шоира Меҳринисо Бобобекова, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Ҷамшед Ватанзода ва аъзои ташкилоти ҳизбии соҳаи тандурустии ноҳия иштирок доштанд.

Дар конференсия Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба нақш ва мақоми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатсозии тоҷикон иброз дошт, ки “имрӯз аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки дар таърихи навини Тоҷикистон гардиши куллӣ ба хотири наҷоти миллат ва давлат буда, роҳи минбаъдаи пешрафти давлат ва халқи Тоҷикистонро муайян кард, сӣ сол сипарӣ гардид. Маҳз ба ҳамин хотир ҳар фарди бонангу номус, ки истиқлолият ва озодӣ барояш муқаддасу гиромист, ин санаи фархундаро ҷашни бузургу муборак медонад».

Кароматулло Олимов дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” зикр намуд, ки “Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд дар давраи ноумедиҳо умеди тоза буд. Дар Қасри Арбоб аз 230 депутат 197 нафар ҷамъ омаданд, 25 депутат аз иштирок дар он саркашӣ карданд. Дар Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯро (Сарвар) интихоб карданд. Ба истилоҳ ӯро савори аспе карда буданд, ки на зин дошту на лаҷом. Ӯро сари чанбари мошине нишонданд, ки ғарқи оташ буд. Эмомалӣ Раҳмон мошинро аз сӯхтан ва нестӣ наҷот дода, даст ба давлатсозӣ заданд. Собит сохтанд, ки тоҷик давлатсоз аст. Баъд аз 1000 сол дубора Парчами давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар фазои асри ХХ1 ба ҷилва даромад. Давлати тозабунёди соҳибистиқлол, ки аз коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ, порашавӣ наҷот ёфт, захмҳояшро тадовӣ кард, камолот бахшид, шуҳрати ҷаҳонӣ дод, соҳиби дастовардҳо гардид”.

Мавсуф иброз дошт, ки “ҳадафҳои стратегии эълоннамудаи Президент барои ҳалли душвортарин проблемаҳои ҳаёти халқамон нақши асосӣ бозид. Эмомалӣ Раҳмон барои ба низоми нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мутобиқ ба тақозои замон ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта ворид намудани кишвар як силсила ислоҳоти бузург гузаронида, Тоҷикистонро аз вартаи варшикастагии иқтисодӣ баровард. Гувоҳи ин аз 80% то ба 26% паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад”.

Зикр гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табори шахсиятҳоеанд, ки барои кишвари мо ва сокинони он ин асолати таърихиро иҷро намуда, барои рушди бесобиқаи Тоҷкистони азиз ва фардои неку дурахшони Ватан ҷоннисориҳо кардаанд.

Дар фарҷом ба як зумра ҷавононе ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, ботантана шаҳоданомаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

Ноябрь 12, 2022 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад