БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Дар шаҳри Турсунзода 10 иншоот ба истифода дода мешаванд

Ноябрь 9, 2022 08:50

ТУРСУНЗОДА, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони шаҳри Турсунзода 10 иншоот, аз қабили марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, бунгоҳи тиббӣ ва сардхонаҳоро ба истифода медиҳанд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Сокинони шаҳри Турсунзода 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мисли дигар ҷашнҳои миллӣ муқаддас дониста, барои ҳифзи сулҳу субот, оромию якдилӣ сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, имрӯзҳо баҳри созандагию ободии диёри хеш кӯшиш доранд,

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳли ҷамоат ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ вохӯрию суҳбатҳо гузаронида шуда истодаанд. Ҳамчунин ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ бо иштироки сарояндагони бахши фарҳанги шаҳр дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот барномаҳои ҳунарӣ баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода аз ҳисоби соҳибкорон 3 сардхона бо ғунҷоиши 1140 тонна маҳсулот ба истифода дода мешаванд. Сардхонаҳои замонавӣ бо мақсади иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафарҳои кориашон ба шаҳри Турсунзода доир ба зиёд намудани сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ангур дода буданд, бунёд гардида истодаанд.

Муовини раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Низомҷон Раҳмонов гуфт, ки «дар ҷамоати мо 375 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд, ки дар заминҳои онҳо 1585 гектар ангурбоғ мавҷуд аст. Имсол аз ҳар гектар ангурбоғ то 300 сентнер ҳосили ангур ҷамъоварӣ гардид. Дар ин муддат дар 44 сардхона 11 ҳазору 740 тонна ангур захира намуда, ба фурӯш гузоштаанд. Ҷамъоварии ангур дар ҷамоати мазкур то имрӯз идома дорад».

Низомҷон Раҳмонов мегӯяд, ки имсол дар баробари ангурпарварӣ деҳқонон боз ба истеҳсоли мавиз машғул шуданд. То имрӯз аз 327 тонна ангур 65 тоннаю 400 килограмм мавиз истеҳсол гардидааст. Ҳамчунин ҷамоати мазкур манбаи ҷойи кори доимӣ барои сокинони шаҳри Турсунзода ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат мебошад, ки шаҳрвандон ба таври доимӣ, новобаста аз фасли сол бо маблағи аз 80 сомонӣ зиёд барои як рӯзи корӣ фаъолият доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд