БА ҚОНУН ДАР БОРАИ ЛОМБАРД (ГАРАВХОНА) ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА МЕШАВАД. Дар Тоҷикистон 39 субъекти соҳибкорӣ ба чунин навъи фаъолият машғул мебошанд

Ноябрь 18, 2022 13:57

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ба ҳолати 31 октябри соли равон 39 субъекти соҳибкорӣ бо фаъолияти гаравхона машғул мебошанд. Давоми чор соли охир: 2018-2022 аз тарафи гаравхонаҳо иҷозатномаҳои дахлдор дастрас гардида, аз ҷониби онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ 299 ҳазору 38 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

31 октябри соли равон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои якчанд қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона» бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба фаъолияти гаравхона оид ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандон аз 22 июли соли 2013 қабул карда шудааст.

Гаравхона — ин шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки ба додани қарзи кӯтоҳмуҳлат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, аз ҷумла маҳсулоти аз металлҳои қиматбаҳо таркибёфта, инчунин нигаҳдошти чунин молу мулк машғул аст.

Иҷозатномадиҳии фаъолияти гаравхонаҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сурат гирифта, он тибқи Низомнома дар бораи хусусияти иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби мақоми ваколатдори иҷозатномадиҳанда –Вазорати молия Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани фаъолияти гаравхонаҳо, муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи гаравхона, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхона, натиҷагирӣ аз таҷрибаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо ва ғайра ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона» солҳои 2014-2022 зиёда аз 2 маротиба тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд. Аз ҷумла, бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва танзими мустаҳками ин намуди фаъолият бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи манфиатҳои шаҳрвандон ва худи гаравхонаҳо аз оқибатҳои ногувори молиявӣ, инчунин мушаххас намудани намудҳои алоҳидаи фаъолият тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи гаравхона» аз 4 июли соли 2020 барои гаравхонаҳо дар моддаҳои 4,5,9 ва 12 –и қонуни мазкур сармояи оинномавӣ ва намудҳои мушаххаси фаъолият, ки гаравхона ба он машғул шуда метавонад, ворид карда шуданд.

Тағйироти мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ворид гардида, масъалаҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МКД/МТ/МПСҚО) ба танзим дароварда шуданд. Ба моддаи 4 қисмҳои 12,13 ва 14 бо мазмуни зерин илова карда шуданд, ки тибқи он:

Гаравхона зимни анҷом додани фаъолият бояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом»-ро риоя намояд.Гаравхона фавран ва бе огоҳонидани пешакӣ бояд ҳама гуна амалиётро бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ, ки ба рӯйхати шахсони алоқаманд ба терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом дохил гардидаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намояд.

Гаравхона оид ба ошкорсозӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, баҳодиҳӣ, назорат ва коҳиш додани хавфҳои вобаста ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом тадбирҳои зарурӣ меандешад ва мунтазам оид ба хавфҳои ошкоргардида ба мақомоти дахлдори танзим ва назорат ва мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар медиҳад ва бояд ин маълумотро ба муҳлати на кам аз панҷ сол нигоҳ дорад. Инчунин дигар масъалаҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо ворид намудани тағйиру иловаҳо аз 4 июли соли 2020 танзим гардид.

Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйроту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи гаравхона», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 тасдиқ гардида, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ҳаминро бояд зикр намуд, ки таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунии солҳои охир нишон медиҳад, ки бо мақсади пешбурд, танзим ва рушди соҳаи дахлдор дар қонунгузорӣ мушаххасан салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳо муқаррар мегардад.

Таҳлили таҷрибаи мамлакатҳои хориҷи дуру наздик низ нишон дод, ки дар онҳо ҷиҳати танзими фаъолияти ломбардҳо мақомоти алоҳида таъсис ва ё фаъолият менамоянд. Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти гаравхонаҳо, муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи гаравхонаҳо, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо, натиҷагирӣ аз таҷрибаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо ва ғайра дар айни ҳол лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйроту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона» пешбинӣ шудааст.Бояд гуфт, ки фарқияти фаъолияти гаравхона аз фаъолияти бонкӣ он аст, ки дар айни замон гаравхонаҳо дар аксарияти мамлакатҳои дунё фаъолият дошта, фарқи фаъолияти гаравхона аз фаъолияти бонкӣ- ин шарти додани маблағ ва предмети гарав мебошад. Яъне, дар гаравхонаҳо предмети гарав танҳо молу мулки манқул буда метавонад.

Инчунин дар гаравхонаҳо расмиёти гирифтани маблағ нисбат ба бонк хеле сода ва фарқкунанда мебошад, зеро дар бонк муфассал таърихи қарзии мизоҷ, зомин, ҷойи кор ва ғайра омӯхта мешавад. Дар гаравхона маълумоти мазкур зарур набуда, маблағро ба шахси ба балоғатрасида бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва гарави моли арзишдор пешниҳод менамоянд.

Молу мулки арзишдор, ки дар гаравхона ба гарав қабул карда мешаванд, одатан маҳсулоти аз металлҳои қиматбаҳо таркибёфта, инчунин воситаҳои нақлиёт, техникаи маишӣ, баъзе намуди либос ва ғайра мебошанд. Дар ин сурат бо мизоҷ ҳуҷҷати дахлдор тартиб дода шуда, дар он муҳлати нигоҳдории он аз 1 рӯз то 1 моҳ ва меъёри фоиз нишон дода шуда, маблағгиранда вазифадор мешавад маблағро бо фоиз баргардонад ва моли худро бозпас гирад. Дар акси ҳол, тибқи талаботи қонун гаравхона боз як моҳи тақвимии дигар интизор шуда, сипас ҳуқуқи ба фурӯш баровардани моли ба гарав гузоштаро пайдо мекунад.

Дотсенти кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Саидхуҷа Махшулов мегӯяд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бонкӣ яке аз сохторҳои марказии иқтисодиёти давлат ба ҳисоб рафта, тавассути он ба рушду пешрафти истеҳсолот баҳо медиҳанд. Дар низоми бонкии мамлакат дар баробари бонкҳои тиҷоратӣ якчанд ташкилоти қарзию молиявии ғайрибонкӣ, ба монанди ташкилоти амонатии қарзии хурд, ташкилоти қарзии хурд, фондҳои қарзии хурд, ташкилоти суғуртавӣ амал мекунанд, аммо ширкатҳои фючерсӣ ва ширкатҳои ломбардӣ дар айни замон фаъолияти густурда надоранд.

Саидхуҷа Махшулов афзуд, ки дар шароити имрӯза ташкили муҳити рақобати байнинизомӣ яке аз механизмҳои асосии фаъолгардонии бахши низоми бонкӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат мебошад. Ба ин хотир ташкили сохторҳои гуногуни қарзию молиявӣ тибқи талаботи ҷомеа вобаста ба иқтидори фаъолияти онҳо бо шарту шароити нисбатан дастрас мувофиқи мақсад мебошад. Ҳамзамон бо ин гуфтан мумкин аст, ки то солҳои 2010-2015 дар Тоҷикистон ширкатҳои фючерсӣ ва ломбардӣ амали фаъол доштанд, ки шартҳои онҳо вобаста ба имконияти молиявӣ ва дастрас будани хизматрасониҳои онҳо ба аҳолӣ қобили қабул буд. Махсусан дар Тоҷикистон фаъолияти ширкатҳои ломбардӣ, ки дар заминаи амалиёти ба боварӣ асосёфта амал менамуданд, тибқи гарави дороиҳои қиматбаҳо ба таври муваққат ба мизоҷон қарз медоданд, ки ин имконият дар дигар ташкилоти қарзӣ маҳдуд буд. Дар ҳамин замина ширкатҳои ломбардӣ бештар талаботи маҳдуди мизоҷонро бо пешниҳоди қарзҳои ҳаҷман хурд қонеъ менамуданд.

Тибқи таҳлилҳо, аксар қарзҳои низоми бонкиро қарзҳои хурд ташкил менамуданд, ки чунин қарзҳо барои ширкатҳои ломбардӣ мувофиқи мақсад буд. Ғайр аз ин аз чунин ширкатҳо гирифтани қарз барои мизоҷон дастрас ва созгор буд.

«Иловатан гуфтан мумкин аст, ки солҳои охир фаъолияти ширкатҳои ломбардӣ коҳиш ёфта, фаъолияти онҳо назаррас нест. Ба ин хотир густариши чунин ширкатҳо дар сатҳи низоми бонкӣ барои фароҳам овардани муҳити рақобат ва таъсири онҳо ба иқтисодиёт шарти зурурӣ мебошад»,- гуфт Саидхуҷа Махшулов.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 18, 2022 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд