Ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид шуд: минбаъд 5 апрел — Рӯзи кормандони мақомоти иҷро таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 03.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова гардида, тибқи он 5 апрел — Рӯзи кормандони мақомоти иҷро муайян карда шуд. Дар ин бора 12 октябри соли равон дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» иттилоъ дода шуд.
Дар иҷлосия зимни баррасии лоиҳаи қонун сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода иброз дошт, ки «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ба танзим медарорад».
«Новобаста ба мақомоти навтаъсис будан роҳбарият ва кормандони хадамот бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои дигар мақомоти давлатиро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолият ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Алҳол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи кормандони мақомоти иҷро пешбинӣ нагардидааст ва бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти кормандон муайян кардани Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ба мақсад мувофиқ мебошад», — тазаккур дод Барно Саидвализода.
АКС: манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






