Ба Осорхонаи Қасри Арбоб ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд китобҳои тозанашр ва аксу нигораҳо дастрас гардиданд

Ноябрь 27, 2022 09:03

 ДУШАНБЕ, 27.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба Фонди Осорхонаи Қасри Арбоб китобҳои тозанашр ва аксу нигораҳо туҳфа гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода аз толори «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Осорхонаи Қасри Арбоб боздид намуда, аз номи Ҳукумати мамлакат ва Маҷлиси миллӣ ба фонди осорхона китобҳои тозанашри «Сарвар, Президент, Пешво», «Эҳёгари Суғд», «Иҷлосия: Парвозгоҳи Пешвои миллат» ва медали ҷашнии «30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро супорид.

Бояд гуфт, ки дар толори «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеаҳои мудҳиш ва манзараи ҳузнангези он замон дар аксҳо инъикос ёфтаанд.

Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти таърихии иҷлосия, нашрияҳои даврӣ, аксҳои бақайдгирӣ ва баромади вакилони мардумӣ, меҳмонон дар толор, нишоти вакилон дар “Оши оштӣ”, баррасии лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатӣ, иқтибос аз баҳсу андешаҳо, дастгоҳҳои наворбардориву аксбардорӣ, аз қолину таҷҳизоти сабти овоз то курсиву минбари баромад ва дигар ашёе, ки он замон истифода шудаанд, имрӯз чун ёдгории таърихӣ дар ин толор маҳфузанд.


Ҳамчунин аксҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ҷараёни Иҷлосияро ба навор гирифта, суҳбатҳои судманд анҷом медоданд, ба намоиш гузошта шудаанд, ки аҳмияти таърихӣ доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки гӯшаи мазкур ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, дар он маводи марбут ба иҷлосияи тақдирсоз ба намоиш гузошта шудааст.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дорои 16,6 ҳазор адад ашёву нигораҳои таърихӣ буда, аз ҷойҳои сербинандатарин маҳсуб мешавад. Аз оғози сол беш аз 41 ҳазор нафар аз осорхона боздид намудаанд, ки 2885 нафари онҳо сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 27, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид