БАҲРУ УҚЁНУСҲО АЗ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКӢ ПУР ГАШТААНД. Истифодаи нодурусти онҳо сабаби гирифторӣ ба бемориҳои онкологӣ мегардад

Ноябрь 27, 2022 09:47

ДУШАНБЕ, 27.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Зарфҳои пластикӣ ва дар маҷмӯъ, ҳама борҷомаҳои пластикӣ, ки дар онҳо обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти ғизоӣ ҷой дода шудаанд, барои истифодаи яккарата муайян гардидаанд. Маротибаи дигар истифода бурдани он дар рӯзгор қатъиян манъ аст», гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси Агентии «Тоҷикстандарт» Мурод Ашӯров.

Мавсуф афзуд, ки мутаассифона, аксари одамон бо вуҷуди доштани маълумот аз зарфҳои пластикӣ бамаротиб истифода карда, ҳатто ба шаклу намуди вайроншудаи он нигоҳ накарда, истифодаи онро идома медиҳанд. Дар баъзе мавридҳо бонувон дар чунин зарфҳои пластикӣ, ки истифодаашон як дафъа муайян шудааст, шир ва маҳсулоти ширӣ, равған, қайлаи помидор, ҳар гуна хӯришҳо, мураббо, шарбату консерваҳо гирифта, онро ба муштариён мефурӯшанд ё барои фасли зимистон захира менамоянд. Хусусан зарфҳои калони пластикии 3 ва 5-литраро ба зарфи асосии интиқоли шир табдил дода, муддати тӯлонӣ истифода мебаранд. Азбаски шустани дохили он муносиб нест, аксаран чунин андеша доранд, ки тавассути оби ҷӯшида имкон аст дохили онро пок кард.

Аз ин рӯ барои тоза кардани ин гуна зарфҳо оби ҷӯшидаи гарм истифода мебаранд, ки дар натиҷа аз таркиби зарфи пластикӣ маводи кимиёвӣ хориҷ мегардад, шакли зарфи пластикиро ҷамъ мекунад ва ҳаҷмашро хурд месозад. Инчунин дар кӯчаву бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши обҳои ташнагишикани газдор, ки ба тариқи резиш ба сокинон фурӯхта мешаванд, истифодаи зарфҳои пластикии истифодаашон яккарата зиёд ба чашм мерасад. Агар мантиқан андеша кунем, он зарфҳоро ҳеҷ гоҳ аз корхонаи истеҳсолӣ наву тоза намеоранд, балки онҳоро аз нафароне, ки дар кӯчаву партовгоҳҳо ба ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ, хусусан баклажкаҳо машғуланд, харидорӣ мекунанд, ки то ин дам дар худ аллакай садҳо микробу сироят гирифтаанд. Харидорон, мутаассифона, дидаву дониста, аз ҳамин гуна нуқтаҳо оби ташнагишикани ширину газнок мехаранд.

«Дар чунин ҳолат маърифати истеъмолии сокинон ҳам нақш мебозад. Агар харидор дар бораи зарари зарфҳои пластикии яккарата маълумот дошта бошад ва ё гигиенаи шахсии худро риоя кунад, ҳеҷ гоҳ аз зарфи пластикӣ, хусусан баклажкае, ки аллакай нафари дигар як маротиба истифода кардааст, наменӯшад. Ҳарчанд назорати савдои кӯчагӣ ба зиммаи нозирони Агентии «Тоҷикстандарт» набошад ҳам, аммо корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин нуқтаҳо гузаронида мешаванд ва барои ҳифзи солимии шаҳрвандон ба фурӯшандагон маслиҳату машварат дода мешавад»,- мегӯяд Мурод Ашӯров.

Зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилениро набояд сӯзонд

Ҳолатҳое низ ба чашм мерасанд, ки зарфҳои пластикиро сокинон дар кӯчаву хонаҳояшон оташ мезананд ва ё дар оташи онҳо нону ғизо омода мекунанд. Дуди ғализ ва бӯи он, бешак ба узвҳои нафаскашии инсон зараровар аст ва то дер гоҳ дар атроф боқӣ монда, фазоро заҳролуд месозад. Зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилениро набояд баъд аз истифода бурдан сӯзонд ва ё дар кӯчаҳо партофт, зеро онҳо аз худ заррачаҳои махсуси заҳролуд хориҷ мекунанд, ки ҳам ба муҳити зист ва ҳам ба худи инсон таъсири манфӣ мерасонанд.

Истифодаи дубораи зарфҳои пластикӣ тибқи талаботи регламенти техникӣ манъ аст

Барои баланд бардоштани маърифати истеъмолкунанда, ҳимояи солимӣ ва маълумот пайдо кардан оид ба истифодаи дурусти зарфҳои пластикӣ тавассути расонаҳои хабарӣ барномаҳо пахшу нашр мегарданд.

Тавасссути он мутахассисони Агентӣ ба мардум муҳимтарин маслиҳату маълумот медиҳанд, то солимии шаҳрвандон таъмин бошад.

Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Регламенти техникии «Бехатарии борҷома» қабул гардидааст.

Истифодаи дубораи борҷомаҳои полимерӣ, яъне зарфҳои пластикӣ тибқи талаботи Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад, мегӯяд Мурод Ашӯров.

Масъулияти фурӯшандагонро бояд баланд бардошт

Ба андешаи мусоҳиби мо, дар нигоҳдорӣ ва ҳифзи ҳамаи молу маҳсулот, сарфи назар аз намуди борҷома масъулияти фурӯшандагон бояд баланд бошад, зеро ҳангоми фурӯш ва риоя нагаштани талаботи қоидаҳои савдо ва ё нигоҳдорӣ дар ҷои номувофиқ аксар намуди маҳсулот вайрон мешаванд. Борҷомаҳои пластикӣ ҳангоми дар зери Офтоб ва ҷои гарм гузоштани молу маҳсулот аз худ моддаҳои кимиёвии зараровар ҳосил мекунанд, ки дар натиҷа ба таркиби ғизо ва ё маҳсулоти дохилашон омехта мешаванд. Ҳангоми истеъмол ва истифодаи он саломатии инсон зарар мебинад.

Аз таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ самаранок истифода бояд кард

Истифодаи зарфҳои пластикии муқаррароташон якдафъаина ҳангоми истеҳсоли молу маҳсулоти гуногун дар тамоми давлатҳо зиёд аст ва дар дохили онҳо молу маҳсулоти мухталиф борпеч мегарданд.

Аммо баъд аз истифода воситаҳои пешрафтаро истифода бурда, барои маротибаи дуюм безарар истифода намудан онҳо ҷамъоварӣ ва дар дигар самтҳои истеҳсолот истифода мегарданд.

Дар ҷумҳурии мо низ истифода аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ самаранок хоҳад буд ва аз истифодаи дубораи зарфҳои пластикии якдафъаина манфиати зиёд ба даст овардан тақозои замон аст. Дар чунин ҳолат солимии аҳолӣ таъмин мегардад ва имкони ба вуҷуд омадани корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави кории доимӣ пеш хоҳад омад.

Истифодаи нодурусти зарфҳои пластикӣ инсонро мубталои бемориҳои онкологӣ месозад

Ба андешаи табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №7 Худойбердӣ Қамчинов, истифода ва зарари зарфу борҷомаҳои пластикӣ яке аз мушкилотест, ки дар қарни 21 ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мавсуф афзуд, ки зарфҳои пластикӣ дар зиндагии инсонҳо, хусусан дар нуқтаҳои умумии таомҳои тазтайёр, ошхонаҳо, оилаҳо ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Ҳангоми истифодаи нодурусти зарфҳои пластикӣ ва якчанд маротиба истифода намуданашон онҳо ба саломатии инсон хатарноканд. Инчунин хӯрокҳоро набояд дар зарфҳои пластикӣ андохта, дар печҳои барқӣ гарм намуд, зеро зарфҳои пластикӣ аз худ маводи кимиёвӣ ихроҷ намуда, ба организми инсон зарари калон мерасонанд ва ба мубтало гардидани инсонҳо ба бемориҳои онкологии рӯдаю меъда, бемориҳои чашм, роҳҳои нафас, фарбеҳӣ ва аутизм оварда мерасонанд.

Як нуктаро набояд фаромӯш кард ки зарфҳои пластикӣ бо иловаи моддаҳои гуногуни кимиёвӣ танҳо барои як маротиба истифода намудан истеҳсол карда мешаванд. Хусусан зарфҳои пластикие, ки аз роҳраву партовгоҳҳо барои такроран истифода бурдан ҷамъоварӣ мешаванд, манбаи асосии хуруҷи бемориҳоянд.

Худойбердӣ Қамчинов мегӯяд, ки сокинон ба ҷои зарфҳои пластикии якдафъаина беҳтар аст аз зарфу борҷомаҳои шишагӣ, сирдор, чинӣ ва чӯбин бештар истифода намоянд, зеро ба саломатии инсон таъсири манфӣ намерасонанд. Дар ин росто ниҳодҳои марбутаи мамлакатро мебояд ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа, хусусан дар масъалаи истифодаи дурусти зарфҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ, безараргардонии он миёни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда, тақвият бахшанд.

Бархе кишварҳои ҷаҳон дар ҳоли даст кашидан аз зарфҳои пластикианд

Бояд гуфт, ки истифодаи нодурусти зарфҳои пластикӣ на танҳо дар кишвари мо, балки дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон низ яке аз

мушкилоти мубрам маҳсуб мешавад. Ин аст, ки бархе кишварҳои ҷаҳон дар ҳоли даст кашидан аз зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ мебошанд, зеро зарфҳои пластикӣ садсолаҳо дар зери замин истода, аз байн намераванд, ба саломатии инсонҳо, олами набототу ҳайвонот ва дар маҷмӯъ, ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии ҳолати дар зарфҳои пластикӣ ғарқ шудани бархе баҳру уқёнусҳо бонги хатар мезанад.

Аз ин рӯ, роҳҳои ҳалли ин масъала тақвияти ҳамкории глобалиро дар сатҳи кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тақозо менамоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 27, 2022 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллӣ вобаста ба Парчами давлатӣ-рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ «Tech Jam 2024» баргузор шуд
Дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад
«АДОИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ-РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ!». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСИДЕМ. Дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд