ЧҶ-2022: Бразилия ва Португалия пеш аз муҳлат ба марҳилаи 1/8-финал роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар даври дуюми гурӯҳӣ ба анҷом расид. Дар гурӯҳи G роҳхатро ба марҳилаи 1/8-финал Бразилия ба даст овард. Панҷкарат чемпионҳо бо мушкилӣ бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи мунтахаби Швейтсария ғолиб омаданд. Дар ҳисоби футболбозони Бразилия шаш хол аст, швейтсариягиҳо бо се хол дар ҷойи дуюм қарор гирифтаанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Камерун ва Сербия бозии ҷолиб нишон доданд, ки дар натиҷа ҳисоби мусовии 3:3 ба қайд гирифта шуд. Ҳарду дастаи мунтахаб бо 1-холӣ дар мақоми 3 ва 4 қарор доранд.
Дар гурӯҳи «H» дастаи мунтахаби Португалия низ пеш аз муҳлат ба даври плей-офф роҳ ёфт. «Бразилияҳои авропоӣ» Уругвайро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд. Ду голро нимҳимоятгар Бруно Фернандес ба нишон расонид. Дастаи мунтахаби Португалия дар ҳаштумин бозии паиҳам дар чемпионати ҷаҳон гол мезанад.
Дастаи мунтахаби Гана бар Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Дастаи Африқо се хол дорад, дар ҳоле ки тими Осиё як хол дорад, мисли дастаи мунтахаби Уругвай. Португалиҳо бо шаш имтиёз дар садри ҷадвал ҳастанд.
Ҷадвали бозиҳои рӯзи нуҳуми бозӣ, ки имрӯз, 29 ноябр баргузор мешаванд:
29 ноябр, 20:00 – «Гурӯҳи A»: Нидерланд – Қатар
29 ноябр, 20:00 – «Гурӯҳи А»: Эквадор – Сенегал
30 ноябр, 00:00 – «Гурӯҳи В»: Эрон – ИМА
30 ноябр, 00:00 – «Гурӯҳи В»: Уэлс – Англия.
ДАР АКС: дастаи мунтахаби Бразилия пеш аз муҳлат ба 1/8-финал роҳ ёфт. Акс аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд






