ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2022. Менеҷери футбол аз Тоҷикистон сабаби бохти бузурги Эронро аз Англия ба АМИТ «Ховар» шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 21 ноябр дастаи мунтахаби Эрон дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар аз Англия бо ҳисоби бузурги 2 бар 6 шикаст хӯрд. Сармураббии дастаи мунтахаби Эрон Карлуш Кейруш дар мусоҳиба бо BBC Sport шикасти дастаашро шарҳ дод.
«Ба назари ман, натиҷаи бозӣ дар нимаи аввал бо ҳисоби 0 бар 3 ҳал шуда буд. Он вақт ҳадафи ягонаи мо баҳрабардорӣ аз бозӣ ва кӯшиши нишон додани футболи худ буд», — гуфт ӯ.
«Ҳанӯз дар оғози бозӣ маълум буд, ки як даста футболи сатҳи баланд нишон медиҳад ва аз тарафи дигар, бозигарони мо, ки чунин таҷриба надоштанд. Аммо мо ё ғалаба мекунем ё меомӯзем. Бароямон шараф буд, ки аз дастаи мунтахаби Англия бисёр чизҳоро омӯзем ва ба бозӣ бо Уэлс беҳтар омодагӣ гирем», — иқтибос меорад суханҳои Кейрушро BBC Sport.
Менеҷери футбол аз Тоҷикистон Кова Тилавпур бо сармураббии Эрон қисман розӣ аст.
«Бохти дирӯзаи Эронро аз Англия метавон ба чанд ҷанба тақсим кард, — гуфт ӯ ба хабарнигори АМИТ «Ховар». — Яке аз онҳо — ин омодагии равонӣ ва ҳайати бозигарон аст, чун баъзеи онҳо ба дастаи мунтахаби миллӣ ҷавобгӯ нестанд».
Ҷанбаи дигарро Тилавпур худи дастаи Англия номид, ки қавист ва ба андешаи ӯ, дар қатори 5 дастаи мунтахаб муддаии асосии ҷом ба ҳисоб меравад.
«Бинобар ин барои Эрон бо Англия бозӣ кардан душвор буд. Мутаассифона, нақшаи 5-3-2-1-и пешгирифтаи Эрон ба муқобили Англия натиҷа надод», — тазаккур дод ӯ.
Сабаби дигари бохти Эрон, ба назари Тилавпур, таъйини сармураббии нав буд. Ӯ дар саҳифаи худ дар Facebook акси мураббиёни қаблӣ ва феълии дастаи мунтахаби миллии Эронро нашр карда, зери он навиштааст: «Ина оқибати – 2:6».
Моҳи сентябри соли 2022 мутахассиси 69-солаи португалӣ Карлуш Кейруш дубора сармураббии дастаи мунтахаби миллии Эрон таъйин шуд, гуфта мешавад дар сомонаи Федератсияи футболи миллии ин кишвар. Ӯ қаблан солҳои 2011-2019 дастаи мунтахаби Эронро роҳбарӣ мекард. Кейруш дар ин вазифа Драган Скочичро, ки аз феврали соли 2020 бо дастаи мунтахаби Эрон кор мекард, иваз намуд.
Мутахассиси португалӣ ду маротиба — солҳои 2014 ва 2018 дастаи мунтахаби Эронро ба чемпионатҳои ҷаҳон баровардааст. Ҳар ду дафъа даста натавонист аз гурӯҳ барояд. Дар Чемпионати ҷаҳон дар Қатар Эрон ба муқобили дастаҳои мунтахаби Англия, ИМА ва Уэлс бозӣ мекунад. Охирон кори Кейруш дар дастаи мунтахаби миллии Миср буд. Ӯ ҳамчунин дастаи футболи «Реал»-и Мадрид, дастаҳои мунтахаби миллии Португалия ва Колумбияро роҳбарӣ карда, ёвари Алекс Фергюсон дар «Манчестер Юнайтед» буд.
Зимнан, Кейруш мутахассиси ботаҷриба аст, вале Кова Тилавпур низ ҳақ аст: ивази мураббӣ анҷоми хуш нахоҳад дошт.
Дар мавриди бозиҳои навбатии Эрон дар Чемпионати ҷаҳон Кова Тилавпур пешгӯӣ кард, ки «бозиҳои баъдии дастаи мунтахаби ин кишвар бо Уэлс ва ИМА сурат хоҳанд гирифт. Беш аз ҳама мардум бозӣ бо Амрикоро интизоранд, чун бозӣ барои ҳарду дастаи мунтахаб бисёр муҳим аст. Агар дар бозӣ бо Уэлс (25 ноябр) ва ИМА (29 ноябр) бозигароне вориди майдон шаванд, ки дар бозии қаблӣ ширкат надоштанд, шояд Эрон натиҷаи назаррасе ба даст орад (21 июни соли 1998 дар варзишгоҳи «Стад де Жерланд» дар Лион (Фаронса) дар сабқати гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол Эрон дар рақобати шадид Амрикоро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод – тавзеҳи АМИТ «Ховар»). Баъд аз бохти бузург дар бозии аввал дар Қатар барои Эрон баромадан аз гурӯҳ ба марҳилаи баъдӣ душвор хоҳад буд».
Саид АЛӢ,
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии шахсии Кова Тилавпур









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






